Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳи тӯлонӣ то ба Олмон. Аврупо аз хоби гарон хест?


“Шукр, ки расидем!”. Ҳазорон муҳоҷироне, ки чанд рӯз дар пойтахти Маҷористон аз сарнавишти норӯшанашон ҳайрону музтар монда буданд, баъди убур аз марзи Олмон оҳи сабук кашиданд.

Ҳазорон сокинони Мюнхен паноҳандагонро дар вокзали шаҳр бо кафкӯбиву бо обу ғизо ва кӯдаконро бо анвои шириниҳо истиқбол карданд. Рӯзи шанбе 6800 тан аз муҳоҷирон аз Сурия, Ироқ ва Афғонистон вориди кишвар шуданд, гуфтанд масъулини ҳукумати Олмон. Шоми якшанбе боз дасти кам 5 ҳазор нафари дигар ҳам баъд аз вуруд ба қаламрави Олмон бо шукр дасти дуо баланд карданд ва умедворанд, ки ҳама азияташон баъд аз фирор аз ватани гирифтори ҷангу ҷидол пушти сар шудааст.

Муҳоҷирон субҳи шанбе тавассути автобусҳо аз Маҷористон ба Австрия омаданд ва бахши аъзамашон роҳро сӯи Олмон идома доданд.

ХУШ ОМАДЕД? Ё БА БЕГОНАҲО ҶОЙ НЕCТ!

Роҳи тулонии муҳоҷирон, ки моҳҳо дар хаймаҳои паноҳандагон дар кишварҳои амнтари Ховари Миёна монданд,аз Туркия шурӯъ мешуд ва онҳо аз тариқи Юнон, Македония ва Сербия ба Венгрия ё Маҷористон мерасиданд. Бештари онҳо акнун рӯзҳои дар Маҷористон сипаришударо чун як хотираи нохуш аз зеҳнҳо пок карданӣ мешаванд – дар ин ҷо ба ҳар роҳу васила аз вуруди афроди сарсону саргардон ҷилавгирӣ мекарданд ва ҳатто дар марз бо Сербия девори симхорпеч бунёд шуд Онҳое, ки тавонистанд вориди Маҷористон шаванд, ба мушкили дигар рӯ ба рӯ шуданд – ҳукумат ба паноҳандагон аз Ховари Миёна ва Осиё иҷозаи тавассути қаторҳои роҳи оҳан ба Олмону Австрия рафтанро надод.

Нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан барои он пойфишорӣ кард, ки Аврупо ба муҳоҷирон на “хуш омадед!”, балки “Ҷой нест!” бигӯяд ва дар бӯҳрони муҳоҷират Олмонро айбдор намуд. Ягон нафар аз муҳоҷирон дар Маҷористон, Словакия, Лаҳистон ё Эстония монданӣ нест ва ҳама талоши рафтан ба Олмонро мекунанд, гуфт ӯ. Ва фақат шоми 4 сентябр Будапеш маҷбур шуд, ки барои интиқоли паноҳандагон, ки вокзали Келетии Будапештро ба қароргоҳи муваққати худ табдил дода буданд, садҳо автобус фиристад. Даҳҳо автобуси дигар муҳоҷирони асосан сурияггиро, ки рӯзи ҷумъа пиёда сӯи Вена роҳ гирифта буданд, то ба марзи Австрия расониданд.

Пиёда аз Маҷористон ба Австрия

Пиёда аз Маҷористон ба Австрия

Аврупо моҳҳои ахир ба мавҷи бузургу бесобиқаи муҳоҷирон аз кишварҳои гирифтори ҷангу ҷидол дар Ховари Миёна, Африқо ва Осиё рӯбарӯ шуд. Ба гуфтаи дипломатҳои Созмони Милали Муттаҳид, низоъ дар Сурия, ки беш аз чаҳор сол боз идома дорад, аз омилҳои асосии афзоиши теъдоди фирориён аст. Аз аввали сол, бино ба иттилои СММ, беш аз 300 ҳазор паноҳандаҳо аз марҳои Иттиҳодияи Аврупо убур кардаанд. Вуруди муҳоҷирон ҷомеъаи Аврупоро пушти ду сангар қарор дод - дар ҳоле, ки дили мардуми оддӣ ба ҳоли афроди беҷошуда месӯхт, гурӯҳҳои нажодпараст алайҳи “меҳмонони нохонда” намоишҳо доир карданд. Ва ин намоишҳо бетаъсир намонданд – садри аъзами Олмон Ангела Меркел ҳатто маҷбур шуд бо лаҳни тунд мардумеро, ки зери таъсири қавмпарстҳо монда буданд, такон диҳад. "Нафратовар он аст, ки ифтрогароҳои ростгаро ва фошистҳои нав афкори хашини худро дар зеҳни ҷомеъа ҷой карданӣ мешаванд ва аммо вақте шаҳрвандони оддии дорои оилаву фарзанд ба ин фошистҳо ҳамроҳ мешаванд, воқеъан ҷойи шарм аст", гуфт хонум Меркел. Садри аъзами Олмон, аз ин пеш изҳор карда буд, ки кишвараш омода аст имсол ба 800 ҳазор муҳоҷир сарпаноҳ диҳад.

АЙЛОН, ТИФЛЕ, КИ АВРУПОРО АЗ ХОБ БЕДОР КАРД

Аммо дили аврупоиҳоро бештар як акси тифли маъсуми ғарқшуда дар соҳили баҳр нарм кард – Айлони сесола ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш дар киштие аз Туркия сӯи Юнон шино мекард ва аммо шабона ин киштӣ ғарқ шуд. Дувоздаҳ нафар, аз ҷумла, Ғолиб, бародари панҷсолаи Айлон ва модарашон Райҳон ғарқ шуданд. Аз ин хонавода фақат падар – Абдулло Курдӣ наҷот пайдо кард. Баҳр ҷасади пеҷони Айлонро дар шаҳри Бодруми Туркия ба соҳил андохт.

Акси Айлони дар соҳили баҳр ба хоби абад рафта дар шабакаҳои иҷтимоӣ дили даҳҳо ҳазорон нафарро реш кард. Бархе аз сокинони Аврупо иқрор карданд, ки ин акс онҳоро гӯё аз як хоби сангину ваҳшатнок бедор кард.

Попи Рум Франсиск дар як ниёиш дар Ватикан рӯзи якшанбе шояд ба ишора ба ин акс аз мардум хост, ки ба муҳоҷирон бо меҳру шафқат бархӯрд кунанд. Ҳар ибодатгоҳ ва ҷомеъаи динии аврупоӣ бояд ба нишони ҳамдилӣ як хонаводаи паноҳандаҳо аз Ховари Миёнаро қабул кунад, таъкид кард Попи Рум. Зери кафкӯбиҳои ҳозирин Попи Рум афзуд, ки ду ибодатгоҳи Ватикан дар мавриди қабули оилаҳои паноҳандагон дар рӯзҳои наздик тасмим гирифтаанд.

Аз ин пеш Юҳа Сипила, нахуствазири Финляндия манзили худро ба минтақаи Кемпеле шимоли Финляндия барои паноҳандагон пешкаш кард ва гуфт, ки айни ҳол он хона тақрибан холӣ аст ва ибтидои соли оянда бархе аз паноҳандагон метавонанд он ҷо зиндагӣ кунанд. Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки Финландия омодааст на 15 ҳазор, балки 30 ҳазор аз афроди аз ҷангу ҷидил фироркардаро дар қаламраваш ҷой диҳад.

Аммо нахуствазири Лаҳистон Ева Копач рӯзи 5 сентбяр бори дигар такрор кард, ки кишвараш тавони қабули фақат 2 ҳазор паноҳандаро дорад. Моҳи июл кобинаи вазирони Лаҳистон барои қабули фақат ду ҳазор паноҳанда аз Сурия ва шимоли Африқо шурӯъ аз соли 2017 розӣ шуд. Лаҳистон ҳамроҳ бо Ҷумҳурии Чех, Маҷористон ва Словакия таъини ҳама гуна квота барои қабули паноҳандагонро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG