Пайвандҳои дастрасӣ

Попи Рум хостори тараҳҳум ба муҳоҷирон шуд


Попи Рум Франсиск аз ҳар ибодатгоҳ ва ҳар ҷомеъаи динии аврупоӣ хост, ки ба нишони ҳамдилӣ ҳадди аққал як хонаводаи паноҳандагон аз Ховари Миёнаро қабул кунанд.

Ӯ дар ниёиши рӯзи якшанбе, 6 сентябр, дар Ватикан аз афроди дар майдони Пётри муқаддас ҷамъомада хост, дар арафаи соли шафқат, ки моҳи декабр шурӯъ мешавад, ҳар ҷомеъа, ҳар ибодатгоҳ, ҳар як қадамҷой дар Аврупо як хонаводаро ба ғамхорӣ фаро бигирад. Зери кафкӯбиҳои ҳозирин Попи Рум афзуд, ки ду ибодатгоҳи Ватикан дар мавриди рӯзҳои наздик қабул кардани оилаҳои паноҳандагон тасмим гирифтаанд.

Аврупо моҳҳои ахир ба мавҷи бузургу бесобиқаи муҳоҷирон аз кишварҳои гирифтори ҷангу ҷидол дар Ховари Миёна, Африқо ва Осиё рӯбарӯ шуд. Ба гуфтаи дипломатҳои Созмони Милали Муттаҳид, низоъ дар Сурия, ки беш аз чаҳор сол боз идома дорад, аз омилҳои асосии афзоиши теъдоди фирориён аст. Аз аввали сол, бино ба иттилои СММ, беш аз 300 ҳазор паноҳандаҳо аз марзҳои Иттиҳодияи Аврупо убур кардаанд.

XS
SM
MD
LG