Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду полиси турк дар Диёрбоқир


Бар асари тирборон шудани як мошини полис дар вилояти Диёрбоқир, воқеъ дар ҷанубу шарқи Туркия, ду корманди полис кушта ва се нафари дигарашон маҷрӯҳ шуданд. Дар ин ҳамла, ки рӯзи 6 сентябр рӯй дод, мақомоти Туркия мусаллаҳони Ҳизби коргарии Курдистонро айбдор мекунанд.

Ҳамлаҳо ба низомиён ва кормандони полиси Туркия моҳи июл баъд аз он шурӯъ шуданд, ки Анкара маъракаи зиддитеррористӣ алайҳи мусаллаҳони курдро роҳандозӣ кард. Нерӯҳои амниятии Туркия шоми 5 сентябр амалиёт алайҳи Ҳизби коргарии Курдистон дар вилояти Диёрбоқирро оғоз карданд. Даргириҳо дар минтақаи Сури ин вилоят, ки он ҷо қуюди шабгардӣ ҷорӣ шудааст, низ идома доштанд.

Таи беш аз ду моҳи ахир бар асари ҳамлаҳои ҷудогона тақрибан 70 корманди нерӯҳои амниятии Туркия ба ҳалокат расиданд.

Дар ҳамин ҳол раҳбарони Ҳизби коргарии Курдистон мегӯянд, ҳавопаймоҳои низомии Туркия ба он гурӯҳҳои курд зарба мезананд, ки онҳо бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” меҷанганд. Раҳбари ин ҳизб Ҷамил Байик ахиран дар сӯҳбат бо Би-Би-Си гуфтааст, туркҳо иддао доранд, ки бо “Давлати исломӣ” даргиранд, аммо дар асл онҳо бо курдҳо дар набарданд.

XS
SM
MD
LG