Пайвандҳои дастрасӣ

Эббот: Паноҳандагони бештарро мепазирем


Тони Эббот

Тони Эббот

Тони Эббот, нахуствазири Австралия, рӯзи 6 сентябр изҳор намуд, ки кишвараш теъдоди бештари паноҳандагон аз Сурияву Ироқро қабул мекунад ва кӯмаки молиявӣ барои баргузории амалиёти башардӯстонаро афзоиш медиҳад. Бар пояи хабарҳо, Эббот дар ин бора зери фишори сиёсатмадорони бонуфузи кишвар тасмим гирифтааст.

Нахуствазири Австралия аз ифшои рақамҳои мушаххас худдорӣ намуд ва фақат таъкид кард, бартарӣ ба аққалиятҳои қавмие дода мешавад, ки мавриди таъқиб қарор доштанд ва дар қароргоҳҳои паноҳандагон дар Ховари Миёна мезистанд.

Тони Эббот ҳамчунин ба зарурати тақвияти чораҳои амниятӣ дар Ховари Миёна таъкид кард. Қарор аст, ки ҳукумати Австралия рӯзҳои наздик дар мавриди пайвастан ба Эътилофи байнулмилалӣ алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” тасмим бигирад.

Аз моҳи июли соли гузашта то моҳи июли соли равон Австралия 13750 паноҳанда аз ҳама оламро пазируфтааст, ки 4400 нафари онҳо аз Сурия ва Ироқанд. Қарор аст то соли 2018 шумораи паноҳандагоне, ки ҳамасола вориди Австралия мешаванд, то 18750 нафар афзоиш ёбад.

XS
SM
MD
LG