Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиа дар сабқати мошинҳо дар Испания


Дар як ралли дар Испания бар асари аз масир берун шудани як мошин шаш нафар аз тамошобинон ба ҳалокат расиданд. Дар ин ҳодиса, ки рӯзи шанбе дар вилояти Галасия, воқеъ дар шимолу ғарби Испания ҳангоми пойгаи мошинҳо рӯй дод, ду мард ва чаҳор зан, аз ҷумла, як зани ҳомиладор ба ҳалокат расиданд. Беш аз даҳ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилои полис, ронанда мошинро бо суръати баланд меронд ва дар хамгашт идораи онро аз даст дода ба гурӯҳи тақрибан 20 нафари тамошобинон бархӯрд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар ин ҳодиса нафаре аз ду ронандаи мошин осеб надидааст, аммо ин иттилоъ ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст.

XS
SM
MD
LG