Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АП САҲА ҳамлаҳо дар Тоҷикистонро маҳкум кард


Раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Илкка Канерва ҳамлаҳои мусаллаҳонаи чоруми сентябр дар Душанбе ва Ваҳдатро маҳкум кард. Оқои Канерва бо нашри изҳороти расмӣ гуфт, "ҳамлаҳои Тоҷикистонро ба шиддат маҳкум мекунам, ки ба назар мерасад ҳадаф аз он афсарони пулис будаанд. Барои чунин аъмоли бемаъно ва хушунатбор баҳонаи сафедкунанда ва ҷой дар ҷаҳони мо нест. Гунаҳкорони қазия барои амалкардҳояшон бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.” Ӯ дар идома аз номи Ассамблеяи парлумони САҲА ба хонавода ва наздикони кушташудаҳо изҳори таслият гуфтааст. Дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳонаи бомдоди чоруми сентябр дар Душанбе ва Ваҳдат беш аз бист нафар, аз ҷумла 9 маъмури пулис ва дастаи таъиноти махсус кушта шудаанд. Мақомот дар ин ҳамлаҳо генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини ҳоло барканоршудаи вазири дифои Тоҷикистонро муттаҳам медонанд. То ҳол сабаби ин ҳамлаҳо гуфта нашудааст.

XS
SM
MD
LG