Пайвандҳои дастрасӣ

Лукашенко бори панҷум ба интихобот меравад


Раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко аснодашро барои сабти ном чун номзад ба мақоми президентӣ ба Комиссиюни марказии интихоботи кишвар супурд. Дар ин бора рӯзи 5 сентбяр дар сомонаи интернетии ин комиссиюн хабар дода шуд.

Аз ин пеш Татяна Короткевич, Сергей Гайдукевич ва Николай Улахович ҳам санадҳои худро барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Белорус супурда буданд.

Ба иттилои Комиссиюни марказии интихобот, довталабони мақоми раисиҷумҳур то соати 14-и рӯзи 5 сентябр имкон доштанд, ки санадҳояшонро дар ихтиёри ин ниҳоди интихоботӣ гузоранд. Қарор аст, ки довталабон рӯзи 10 сентябр сабти ном шаванд.

Охирҳои моҳи август раҳбарони мухолифини белорус изҳор намуднд, ки барои ғайриқонунӣ эълон кардани маъракаи феълии интихоботӣ талош хоҳанд кард. Николай Статкевич, Владимир Некляев, Анатолий Лебедко ва Павел Северинетс аз шаҳрвандон идаъват карданд, ки аз ширкат дар овоздиҳӣ худдорӣ кунанд.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Белорус 11 октябри соли равон баргузор мешавад, Александр Лукашенко, ки аз соли 1994 дар садри Белорус аст, бори панҷум дар интихоботи президентӣ ширкат мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG