Пайвандҳои дастрасӣ

Сипила хонаашро ба муҳоҷирон пешкаш кард


Юҳа Сипила

Юҳа Сипила

Юҳа Сипила, нахуствазири Финляндия гуфт, ки кишвараш ба қабули 30 ҳазор паноҳанда аз Ховари Миёна ва шимоли Африқо омода аст. Ӯ ҳамчунин манзили худро ба минтақаи Кемпеле шимоли Финляндия барои паноҳандагон пешкаш кард ва гуфт, ки айни ҳол он хона тақрибан холӣ аст ва ибтидои соли оянда бархе аз паноҳандагон метавонанд он ҷо зиндагӣ кунанд.

Юҳа Сипила дар сӯҳбат бо радиои маҳаллии YLE рӯзи 5 сентбяр гуфт, тарҳи Иттиҳодияи Аврупо барои дар кишварҳои узв ҷойгир кардани 120 ҳазор паноҳанда, ки вориди Юнон, Италия ва Маҷористон шудаанд, бояд ихтиёрӣ бошад ва Финландия омдаа аст на 15 ҳазор, балки 30 ҳазор аз ин афроди аз ҷангу ҷидил фироркардаро дар қаламраваш бипазирад.

Дар ҳамин ҳол нахуствазири Лаҳистон Ева Копач рӯзи 5 сентбяр бори дигар такрор кард, ки кишвараш тавони қабули фақат 2 ҳазор паноҳандаро дорад.

Моҳи июл ҳукумати Лаҳистон барои қабули ду ҳазор паноҳанда аз Сурия ва шимоли Африқо шурӯъ аз соли 2017 розӣ шуд. Лаҳистон ҳамроҳ бо Ҷумҳурии Чех, Маҷористон ва Словакия таъини ҳама гуна квота барои қабули паноҳандагонро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG