Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар масҷиди Тӯхтабойи Тошканд


Маҳалли таркиш дар ноҳияи Чорсӯи Тошканд

Маҳалли таркиш дар ноҳияи Чорсӯи Тошканд

Рӯзи 4 сентябр баъди анҷоми намози ҷумъа дар назди масҷиди Тӯхтабой дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон таркиш шудааст. Пулис ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, манбаи таркиш маводи мунфаҷирае буд, ки дар истгоҳи автобус гузошта буданд. Пулис мегӯяд, касе дар ин таркиш осеб надидааст ва ҷустуҷӯи нафаре, ки ба гуфтаи шоҳидон, бомбро дар истгоҳ гузошта фирор кардааст, идома дорад. Таркиш дар назди масҷиде рух дод, ки имоматиашро дар солҳои 90 Обидхон-қорӣ Назаров бар ӯҳда дошт. Ин рӯҳонӣ соли 1998 аз Узбакистон фирор карда, бо иттиҳоми терроризм дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт. Ӯ соли 2012 дар Шветсия ҳадафи сӯиқасд қарор гирифт. Мақомоти Шветсия мегӯянд, далелҳои фаровоне ба даст доштани мақомоти Узбакистон дар ин сӯиқасд ишора мекунанд.

XS
SM
MD
LG