Пайвандҳои дастрасӣ

Қурбониён аз Сурияву Ироқ ва Афғонистон будаанд


Пулиси Австрия гуфт, 71 муҳоҷири ҳалокшуда, ки ҷасадҳояшон ҳафтаи гузашта аз дохили як мошини боркаш ёфт шуд, аз Сурия, Ироқ ва Афғонистон будаанд. Ҳанс-Петер Доскозил, раҳбари пулиси вилояти Бургенланд рӯзи 4 сентябр гуфт, ин қурбониён ғолибан дар қаламрави Маҷористон ҳамагӣ чанд муддат пас аз дохили мошин шуданашон нафасгир шудаанд, чунки таҷҳизоти ҳавотозакунии мошин кор намекард. Доскозил гуфт, ҳуввияти қурбониён ҳанӯз дақиқ нашудааст ва тадқиқи иллати марги онҳо низ чанд ҳафтаи дигар фурсат мехоҳад.

Як мошини боркаш бо ҷасади 71 муҳоҷир рӯзи 27 август дар шоҳроҳи асосии байни Маҷористону Австрия ёфт шуд.

XS
SM
MD
LG