Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати як сарбози арманӣ дар марзи Қаробоғ


Арманистон мегӯяд, нирӯҳои Озарбойҷон дар як даргирии ахири марзӣ як сарбози арманиро куштаанд. Арманистону Озарбойҷон чандин сол борз бар сари вилояти аксаран арманишини Қаробоғи кӯҳӣ бо ҳам таниш доранд. Артсрун Ҳовҳаннисиён, сухангӯи вазорати дифои Арманистон гуфт, Аик Тевониёни 40-сола шабе пеш бар асари мушакборони нирӯҳои Озарбойҷон дар марз кушта шуд. Ду сарбози дигари арманӣ ва ду сокини мулкӣ дар ин тирандозиҳо захмӣ шудаанд. Арманистону Озарбойҷон баъди чанд соли ҷанг, ки бо тасарруфи Қаробоғ аз сӯи нирӯҳои арманӣ анҷом ёфт, дар соли 1994 созишномаи оташбас имзо карданд.

XS
SM
MD
LG