Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангиён се манораро дар Палмира таркондаанд


Раҳбари идораи ёдгориҳои бостонии Сурия Маъмун Абдулкарим рӯзи 4 сентябр гуфт, ҷангиёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” 3 манораи бостонии шаҳри Тадмур, маъруф бо номи Палмираро таркондаанд. Абдулкарим гуфт, ин манораҳои сохти солҳои 44 ва 103-юми мелодӣ буда, 10 рӯз пеш тахриб шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, манораҳои тахрибшуда манораҳои “ аз ҳама зеботарин ва ҳифзшудатарин”-и Палмира буданд. Яке аз ин сутунҳо манораи Ал-Аҳбал аст, ки аз 4 қабат ва як қабати зеризаминӣ иборат буд. Ҷангиёни “Давлати исломӣ” моҳи май Палмираро ғасб карда, қаблан ду қалъаи бостонии онро – Баъалшомин ва Белро, ки дар рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил буданд, тахриб карданд. Ҷангиёни ин гурӯҳ ҳамин тавр ёдгориҳои таърихии чӣ масеҳӣ ва чӣ исломиро дар манотиқи таҳти тасарруфашон дар Сурияву Ироқ вайрон кардаанд.

XS
SM
MD
LG