Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин бурду бохтҳои Қирғизистон аз узвият дар Иттиҳоди АвроОсиё


​Бо гузашти камтар аз як моҳ аз вуруди Қирғизистон ба Иттиҳоди АвроОсиё, нархи маҳсулот дар бозорҳои дохилии ин кишвар то 30 дарсад боло рафтааст.

Дар Қирғизистон ба баррасии нахустин натиҷаҳои вуруди ин кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё пардохтаанд. Қирғизистон расман рӯзи 12 август узви комилҳуқуқи ин созмони минтақавӣ шуд ва аз ҳамон рӯз посгоҳҳои гумрукиаш дар марз бо Қазоқистонро бардошт.

Иттиҳоди АвроОсиё дар меҳвари Маскав Русияву Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Арманистонро муттаҳид мекунад. Шартҳои асосии узвият дар ин созмон ҳамлу нақли озодона ва бидуни муқаррароти гумрукии молҳо ва нирӯи корӣ ва дар айни замон сиёсати воҳиди гумрукӣ дар мавриди воридоту содироти маҳсулот ба ваё аз кишварҳои сеюм аст.

Аммо Қирғизистон, ки дар гузашта ба далели боҷу хироҷи сабуктари гумрукиаш як кишвари умдаи транзитӣ дар роҳи содироти маҳсулот ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ маҳсуб мешуд ва аз ин ҳисоб фоидаи зиёд мебардошт, баъди пайвастан ба Иттиҳоди АвроОсиё аз ин манбаи даромадаш зоҳиран маҳрум мешавад, чун муваззаф аст, ки фоизи боҷҳои гумрукиашро баробари боҷҳои гумрукии кишварҳои дигари узви ин созмон кунад.

Алмос Окинбеков, намояндаи Хадамоти гумруки Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, аз 12 август боҷи гумрукӣ аз молҳои кишварҳои сеюм то 16 дарсад боло рафт. Бар илова, ба гуфтаи ӯ, аз ин молҳо 12 дарсад андоз аз арзиши илова ситонда мешавад: “То вуруд ба Иттиҳоди АвроОсиё боҷи гумрукӣ барои дару тирезаҳои пластикӣ 0 дарсад буд, ҳоло 14 фоиз шудааст. Молҳои барқӣ 5 дарсад боҷ дошт, ҳоло 18 дарсад шудааст. Ба болои ин боз 12 дарсад андоз аз арзиши илова. Нархи имрӯзаи маҳсулот аз ҳамин ҳисоб ҳосил мешавад.”

Олтинбек Исобоев, як соҳибкор аз бозори “Баткен”-и шаҳри Бишкек мегӯяд, боло рафтани боҷу хироҷи гумрукӣ ва андоз боиси афзоиши нархи маҳсулот дар бозор шудааст: “Барои мисол, мо чароғакҳои чиниро 120 сом мефурӯхтем, ҳоло нархаш 150 сом шудааст. Афзоиши қурби доллар метавонад нархҳоро боз ҳам болотар барад. Бозор ҳоло мурда аст. Харидор нест.”

Ба сурати умум, Қирғизистон аз пайвастанаш ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё чӣ бурду чӣ бохт? Ин суолро дар як мусоҳиба бо Элдар Абакиров, раҳбари кумитаи сохтмони ЖИА - Анҷумани соҳибкорони Қирғизистон – дар миён гузоштем.

Элдар Абакиров: Аз лиҳози иқтисодӣ ҳанӯз чизе рӯшан нест. Бояд дид, ки нархи кадом маҳсулот боло мераваду кадомаш – ба пойин. Барои мисол, нархи маводи сохтмон аз 25 то 30 фоиз боло рафт. Боҷи гумрукии матоъ барои саноати дӯзандагии Қирғизистон тақрибан 10 сент барои ҳар килояш афзуд.Таъсираш эҳсос мешавад, вале ҳанӯз қобили таҳаммул аст. Давраи гузариш хеле дардовар буд, чунки Қазоқистон дар ҳафтаҳои аввал бо ҳар баҳона, монеи ҳамлу нақли молҳои Қирғизистон мешуд. Мақомоти Қазоқистон то ҳол мониагузорӣ мекунанд барои ширкатҳои боркаши мо, вале ин бештар ба масъалаи фасод дар ин кишварҳо рабт дорад.

Радиои Озодӣ: Вале нархҳо дар Қирғизистон боло рафта истодаанд ба сурати умум?

Элдар Абакиров: Бале, боло рафта истодаанд. Бахусус нархи маводи сохтмон. Вале ин афзоиши нархҳо чанд омил дорад. Якеаш узвияти Қирғизистон дар Иттиҳоди АвроОсиёст ва баъди ин боло рафтани боҷу хироҷи гумрукӣ. Омили дувум 10 дарсад пойин рафтани қурби сом дар муқобили доллар аст, ки метавонад боз ҳам идома ёбад. Омили сеюм худи фурӯшандаҳоянд, ки бо истифода аз фурсат ва ҳам ба далели афзоиши минбаъдаи қурби сом нархи маҳсулоти худро боло мебардоранд.Ин қонуни бозор аст, чунки соҳибкорон намедонанд, ки қурби сом 70 мешавад пагоҳ ё 80. Аз ин рӯ, аз ҳоло худро ба истилоҳ “суғурта” мекунанд.

Радиои Озодӣ: Як манбаи даромади соҳибкорони қирғиз бо шарофати сиёсати сабуктари гумуркии Қирғизистон содироти дубораи молҳо ба кишварҳои дигари минтақа буд. Фикр намекунед, ки ин манбаъ акнун, баъди қоидаҳои умумии гумрукии Иттиҳоди АвроОсиёро пазируфтани Қирғизистон, аз даст меравад?

Элдар Абакиров: Пурра не, вале ин манбаи даромад хеле коҳиш ёфт. Ягон 3 ё 4 маротиба кам мешавад даромади кишвар аз ин ҳисоб. Содироти дубора ба Узбакистон шояд ҳифз шавад, чунки Узбакистон роҳи дигар надорад. Вале ба Русияву Қазоқистон тамом шуд, фикр мекунам, чунки онҳо ин молҳоро аз ин ба баъд мустақим хоҳанд гирифт.”

Радиои Озодӣ: Вале тиҷорат дар қаламрави ин созмон чӣ шуд? Оё Қирғизистон имтиёзҳое ба даст овард дар ин маврид?

Элдар Абакиров: То имрӯз мо чӣ манзараеро мушоҳида мекунем? Мебинем, ки маҳсулоти гӯштии Қирғизистонро ба далели гӯё риоя нашудани меъёрҳои беҳдоштӣ ба Русия роҳ намедиҳанд. Бо айни далели надоштани як санади беҳдоштӣ чанд рӯз пеш як мошин ангурро гардонданд ва ин мол то харидор нарасида, дар роҳ вайрон шуд. Яъне ҳарчанд мониаҳои гумрукиро бардоштанд дар роҳи тиҷорат байни кишварҳои узви Иттиҳоди АвроОсиё, вале дар иваз саддҳои дигари ғайригумрукӣ, аз ҷумла мониаҳои санитарӣ бардоштаанд. Яъне мо мебинем, ки Иттиҳоди гумрукӣ дар асл то ҳол кор намекунад. Барои муҳоҷирон гӯё имтиёзҳое доданд ва як шумори онҳоро аз “рӯйхати сиёҳ” бардоштанд. Вале ин “рӯйхати сиёҳ”-ро қаблан худи мақомоти Русия эҷод карда буданд. Аммо аз ҳама паёмади ногувор ин аст, ки бо пайвастан ба Иттиҳоди АвроОсиё Қирғизистон дар муқобили таъсири бӯҳрони иқтисодии Русия дар як ҳоли осебпазир қарор гирифт. Таъсири ин бӯҳрон, бахусус уфти нархи нафт ва қурби рубл дар Қирғизистон хеле бештар эҳсос мешавад. Бозори сохтмон, барои мисол, дучори рукуд шуд.Нархҳо боло мераванд ва гардиши пул суст шудааст. Аз ин рӯ, муомилаҳо ҳарчӣ бештар бо бартер сурат мегирад. Яъне хонаро бо мошин иваз мекунанд, мошинро бо хишт, ё ба тиреза ва мисли ин.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG