Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Путин ба таъсиси эътилофи зидди террор


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин хостори таъсиси “эътилофи байналмилалӣ барои набард бо терроризм ва ифротгароӣ” шуд. Путин гуфт, ин ташаббусро бо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар миён гузоштааст. Путин рӯзи 4 сентябр дар шаҳри Владивосток ба хабарнигорон гуфт, ки ӯ дар бораи таъсиси чунин эътилоф бо сарони Туркия, Арабистони Саудӣ, Урдун ва кишварҳои дигар вориди музокирот шудааст. Путин гуфт, сӯҳбат аз ширкати Русия дар амалиётҳо алайҳи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳанӯз барвақт аст, вале Русия, ба гуфтаи ӯ, “алакай аз тариқи ироаи таҷҳизот ва тамрини сарбозон ва ироаи таслиҳот ба Сурия ёриҳои ба қадри кофӣ ҷиддӣ мерасонад.” Кохи Сафед гуфт, гузоришҳо дар бораи роҳандозии амалиётҳои низомии Русия дар Сурияро аз наздик пайгирӣ дорад. Вошингтон ҳушдор додааст, ки чунин амалиётҳо метавонанд “бесуботкунанда ва маъкус” бошанд.

XS
SM
MD
LG