Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 4 сентябр дар Брюссел бӯҳрони муҳоҷиронро баррасӣ мекунанд. Ҳамзамон сарвазирон аз Гурӯҳи Вишеград барои баҳси ҳамин мавзӯъ дар Прага гирди ҳам меоянд. Ин ду нишаст дар пасманзари рӯёрӯии пулис бо дастикам 200 муҳоҷир дар як қатори роҳи оҳан дар Маҷористон аст, ки ду рӯз боз идома дорад. Рӯзи 3 сентябр мақомот ба муҳоҷироне, ки мехостанд худро ба марзи Австрия расонанд, иҷозат доданд, ки дар Будапешт ба қатори роҳи оҳан савор шаванд, вале баъд талош карданд, ки онҳоро ба урдугоҳи паноҳҷӯён баргардонанд. Имсол беш аз 350 000 нафар аз кишварҳои Ховари Миёна ва Африқо ба қасди Аврупо тавассути киштиҳо баҳри Миёназаминро убур кардаанд. Фаронсаву Олмон мегӯянд, Иттиҳодияи Аврупо бояд аз кишварҳои узваш пазируфтани як миқдори муҳоҷиронро талаб кунад, вале Гурӯҳи Вишеград, ки Чехия, Маҷористон, Лаҳистон ва Словакияро дар бар мегирад, мухолифи квотаҳои муҳоҷиронанд.

XS
SM
MD
LG