Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Австралия бар Бангладеш ва мусовии Қирғизистон бо Урдун


​Рӯзи 3 сентябр бозиҳои даври севуми сабқати интихобии Ҷои ҷаҳон-2018 дар минтақаи Осиё баргузор шуд.

Дар даври севуми сабқати интихобии Ҷои ҷаҳон-2018 дар минтақаи Осиё дар гурӯҳи “В”, ки 3 сентябр баргузор шуд, мунтахаби Австралия тими миллии Бангладешро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби Урдуну Қирғизистон дар Уммон бо ҳисоби мусовии 0:0 поён ёфт.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки аз бозии даври севум озод буд, дар даври чаҳорум рӯзи 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, рақобат мекунад.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “В” баъди натиҷагирии се даври мусобиқот мунтахаби Австралия бо 6 имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои Урдун ва Қирғизистон бо 4-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд. Тимҳои Тоҷикистону Бангладеш, ки якимтиёзӣ доранд, дар ҷойҳои чоруму панҷум қарор гирифтаанд.

Ҷоми ҷаҳон-2018. Сабқати интихобӣ. Марҳилаи 2-юм

Гурӯҳи «B». Даври 3-юм

Австралия – Бангладеш – 5:0

Урдун – Қирғизистон – 0:0

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Австралия

2

2

0

0

7-1

6

2

Урдун

2

1

1

0

3-1

4

3

Қирғизистон

3

1

1

1

4-3

4

4

Тоҷикистон

2

0

1

1

2-4

1

5

Бангладеш

3

0

1

2

2-9

1

Тақвими бозиҳои боқимондаи гурӯҳи “В”:

Даври 4-ум

8 сентябр (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Австралия

Бангладеш – Урдун

Даври 5-ум

8 октябр (панҷшанбе)

Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

Урдун – Австралия

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун – ТОҶИКИСТОН

Қирғизистон – Бангладеш

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

ТОҶИКИСТОН – Бангладеш

Австралия – Қирғизистон

Даври 8-ум

17 ноябр (сешанбе)

Бангладеш – Австралия

Қирғизистон – Урдун

Даври 9-ум

24 март (панҷшанбе)

Австралия – ТОҶИКИСТОН

Урдун – Бангладеш

Даври 10-ум

29 март (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Австралия – Урдун

XS
SM
MD
LG