Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманеӣ: Таҳримҳо бояд лағв шаванд


Оятуллоҳ Алии Хоманеӣ, раҳбари аъзами Эрон гуфт, ки кишварҳои пешрафтаи олам бояд таҳримҳо алайҳи Теҳронро на мутаваққиф, балки бояд лағв кунанд.

Дар як суханронӣ аз тариқи телевизиони давлатӣ, ки рӯзи 3 сентябр ба таври мустақим нашр шуд, ӯ ҳушдор дод, ки агар таҳримҳо на бекор, балки фақат мутаваққиф шаванд, Эрон фақат як бахш аз созиши ҳастаиро иҷро хоҳад кард.

Ҳайатҳои Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) рӯзи 14 июл баъд аз музокироти тулонӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон дар Вена, пойтахти Австрия ба тавофуқ расиданд. Бар пояи ин созиш, Эрон ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ барномаи ҳастаии худро коҳиш медиҳад.

Хоманеӣ, ки дар ҳама масоили давлатӣ дар Эрон тасмими ниҳоӣ мегирад, ҳамчунин гуфт, ӯ пешниҳоди дар Маҷлис раъй додан ба созиши ҳастаиро пазируфт. Аз ин пеш раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба райъдиҳӣ ба созиши ҳастаӣ аз сӯи вакилони парлумон мухолифат карда буд. Як кумитаи вижаи Маҷлис аллакай омӯзиши созиши ҳастаиро шурӯъ кардааст.

XS
SM
MD
LG