Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Орбан: Бӯҳрони муҳоҷират мушкили Олмон аст


Мулоқоти Орбан (аз чап) ва Шултс

Мулоқоти Орбан (аз чап) ва Шултс

Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон, гуфт, мардуми Аврупо аз он нигаронанд, ки раҳбарони қора тавони ҷилавгирӣ аз мавҷи бузурги муҳоҷиронро надоранд.

Ӯ баъд аз мулоқот бо раиси Парлумони Аврупо Мартин Шултс дар Брюссел, рӯзи 3 сентябр гуфт, ки “бӯҳрони муҳоҷират мушкили Олмон аст ва на мушкили ҳама Аврупо”. Ягон нафари онҳо дар Маҷористон монданӣ нест, вазифаи мо фақат сабти номи онҳост, гуфт Виктор Орбан.

Изҳороти нахуствазири Маҷористон дар ҳоле нашр шуд, ки вокзали роҳи оҳани Келети дар маркази Будапеши баъд аз ду рӯзи эътирозҳо дубора дарҳояшро ба рӯи муҳоҷирони ғайриқонунӣ боз кард. Тақрибан ду ҳазор нафар, ки шабҳои ахирро дар канори ин вокзал рӯз мекарданд, сӯи қаторҳо шитофтанд, аммо ширкати роҳи оҳани Маҷористон эълон кард, ки ҳаракати қаторҳо ба сатми Аврупои ғарбӣ то муҳлати номуайян мутаваққиф шудааст.

Эътирозҳои муҳоҷирон дар канори вокзали Келетӣ рӯзи сешанбе баъд аз он шурӯъ шуданд, ки мақомоти Маҷористон ба онҳо нишастан дар қаторҳои масири Олмон ва Австрияро манъ карданд. Муҳоҷиронро бо вуҷуди билетҳои харидаашон ба қаторҳо роҳ надоданд. Теъдоди муҳоҷирони ғайриқонуние, ки фақат моҳи июл вориди Аврупо шуданд, аз 107 ҳазор нафар гузашт.

XS
SM
MD
LG