Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳайатҳои беш аз 30 кишвар ва 40 созмони байнулмилалӣ ба хотири баррасии фардои Афғонистон дар шаҳри Кобул ҷамъ омаданд.

Ҳикмат Халил Карзай, муовини вазири умури хориҷии Афғонистон, зимни ифтитоҳи Конфаронси минтақаӣ оид ба ҳамкорҳои иқтисодӣ бо Афғонистон (RECCA), рӯзи 3 сентябр гуфт, ки дар меҳвари нишасти дурӯза – мушкилоти эҳёи Афғонистон баъд аз тақрибан 40 соли ҷанг қарор дорад.

Интизор меравад ба нишаст, ки таҳти чораҳои бесобиқаи амниятӣ мегузарад, раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва раиси иҷроия доктор Абдулло Абдулло ҳам ташриф оваранд.

Барои ширкат дар конфаронс вазири умури дохилаи Эрон Абдулризо Раҳмони Фазлӣ ва мушовири масоили амнияти милли Покистон Сартоҷ Азиз ба Кобул омаданд.

Қарор аст, ки аҳли нишаст масоили зиёди иқтисодӣ, аз ҷумла, тиҷорати минтақаӣ ва ҳамоҳангсозии кори мақомоти гумруку ниҳодҳои марзбониро баррасӣ кунанд.

Нишастҳои қаблии RECCA дар шаҳрҳои Кобул, Деҳлии нав, Исломобод, Истамбул ва Душанбе баргузор шуда буданд.

XS
SM
MD
LG