Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин хатми ҷанги дуввуми ҷаҳонро таҷлил кард


Чин 70-солагии хатми ҷанги дуввуми ҷаҳонро бо паради бузурги низомӣ дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин таҷлил кард.

Си Тзин Пин, раисиҷумҳури Чин, дар ифтитоҳи парад, ки 3 сентябр баргузор шуд ва дар он мансабдорони воломақоми кишвар ва раҳбарони хориҷӣ, аз ҷумла, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ширкат доштанд, гуфт, Чин ҳеҷ гоҳ талоши бузургманишӣ ва густариши марзҳояшро нахоҳад кард. Ӯ ҳамчунин эълон кард, ки теъдоди афсарону сарбозони Артиши озодихоҳи мардумии Чин 300 ҳазор нафар кам карда мешавад. Аммо сарвари Чин дар бораи кай коҳиш ёфтани шумораи низомиён чизе нагуфт. Айни ҳол дар артиши Чин 2,3 миллион ҳарбиён хизмат мекунанд ва буҷаи низомии Чин ҳам баъд аз буҷаи низомии ИМА дуввумтарин буҷаи бузург дар ҷаҳон аст.

Дар паради низомӣ 12 ҳазор низомиён ва 200 ҳавопаймо, тӯпхона ва тонку зиреҳпӯшҳои муҷаҳҳаз бо фановариҳои ҷадид ширкат доштанд.

Аз ҳузур дар таҷлил аз 70-солагии хатми ҷанги дуввуми ҷаҳон дар Пекин раҳбарони ИМА, Ҷопон ва дигар кишварҳои демократии нигарон аз афзоиши нуфузи низомии Чин ва талошҳояш барои ғасби қаламравҳои нав дар баҳри Чини Ҷанубӣ ва дигар манотиқ сарпечӣ карданд.

XS
SM
MD
LG