Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзила дар Тоҷикистон


Маркази сейсмология ё зилзилашиносии Тоҷикистон аз вуқӯи заминларза дар қаламрави ин кишвар хабар дод. Академик Собит Неъматуллоев, раиси маркази зилзилашиносии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 3 сентябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “заминҷунбӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар ҳудуди соати 3:20 дақиқаи бомдоди 3 сентябр рух дод ва маркази он дар 125 километрии ҷанубу ғарби шаҳри Душанбе, дар қаламрави ноҳияи Шаҳритус будааст.

Ба гуфтаи Собит Неъматуллоев, шиддати заминларза зиёд набуда дар марказаш 2 балл ва дар шаҳри Душанбе 1 баллро ташкил додааст. Академик Неъматуллоев афзуд, ки талафот ва хисороте дар паи ин зилзила сабт нашудааст. Дар ҳамин ҳол Хадамоти геологии Амрико шиддати зилзилаи Тоҷикистонро 4,2 дараҷа гуфтааст. Ба иттилои ин хадамот ҳам, маркази зилзила дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва Ӯзбакистон, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритус воқеъ гардидааст.

XS
SM
MD
LG