Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Покистон 31 ҷангии "Толибон" кушта шуданд


акс аз соли 2014

акс аз соли 2014

Ҳамлаҳои ҳавоӣ ҳадафҳои Толибонро дар минтақаи шимолуғарби Покистон ҳадаф қарор дод. Бар тибқи иттилои хадамоти иктишофии Покистон, рӯзи 2 сентябр ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар фазои водии Шаввол парвозҳо анҷом дода, дасти кам 17 гумонбарро ба қатл расониданд. Дар ин амалиёт 4 пинҳонгоҳи ҷангиён нобуд карда шуд, мегӯянд мақомоти расмии Покистон. Ин амалиёт дар сарҳади байни манотиқи қабилаии Вазиристони Шимолӣ ва Ҷанубӣ роҳандозӣ шуд. Дар ин маҳал ҳамоно сокинони мулкӣ зиндагӣ мекунанд.

Соли гузашта, ҳангоме, ки артиши Покистон як амалиёти густардаеро зидди Толибони Покистон ва муттафиқони онҳо дар Вазиристони Шимолӣ ба роҳ монданд, қисмати зиёди сокинони мулкии ин манотиқ ба маконҳои амн кӯч дода шуданд. Амалиёти нави низомиёни Покистон дар водии Шаввол, ки як бахши он ҳамчунин аз роҳандозии амалиёти заминӣ иборат мебошад, моҳи август шурӯъ шуд. Ҳадафи он аз ҳузури ҷангиёни Толибон пок кардани рустову ноҳияҳои ин минтақа будааст. Вазиристон солҳои сол ба як паноҳгоҳи аслии Толибони Покистон ва ҳам Афғонистон табдил шудааст ва берун аз назорати ҳукумати марказӣ дар Исломобод аст.

Ин минтақаро ришсафедон ва раҳбарони қабилаҳои маҳаллӣ назорат мекунанд. Ҳамчунин рӯзи 2 сентябр ҳамлаҳои бештари ҳавоӣ манотиқи қабиланишини Хайбарро ҳадаф қарор дод, ки дар натиҷаи ин амалиёт, дасти кам 14 ҷангӣ кушта шуда, 6 нафари дигар маҷрӯҳ гардиданд. Дар ин бора ба хабаргузории Ройтерс мақомоти иктишофии Покистон хабар доданд.

XS
SM
MD
LG