Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди Кимиё Саъдуллоева аз Маскав ба Душанбе


Русия шаҳрванди Тоҷикистон Кимиё Саъдуллоеваро ба Душанбе истирдод кардааст. Дар ин бора рӯзи 2 сентябр сомонаи расмии додситонии кулли Русия хабар додааст.

Бино бар ин манбаъ, ин зан дар солҳои 2008-2010 раҳбарии коргоҳи тавлиди профилҳои алюминиро дар як корхонаи давлатӣ дар шаҳри Турсунзода бар ӯҳда дошта, ба гуфтаи мақомот, ба сирқати амволи ин корхона ба маблағи беш аз 315 ҳазор сомонӣ айбдор мешавад. Кимиё Саъдуллоева аз соли 2011 бар асоси банди “б”-и қисми чоруми моддаи 245-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба маблағи махсусан бузург” дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дошт ва моҳи марти соли 2015 дар қаламрави ҳавзаи маъмурии Троитски шаҳри Маскав боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG