Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушоиши 6 маркази нави НАТО дар Аврупо


Шаш маркази низомии паймони НАТО рӯзи 1-уми сентябр дар ҷабҳаи шарқии паймон боз шуд, ки ба гуфтаи NATO як ҳаракате дар посух ба таҳдидҳои амниятии нав аз Русия аст. Бо назардошти нимҷазираи Қримро ғайриқонунӣ гирифтани Русия ва ҳимояти он аз ҷудоиталабони Украина, паймони НАТО нақши худро дар Аврупои Шарқӣ ва барои рафъи хатари таҷовузгарони эҳтимолӣ тақвият бахшидааст. Шаш маркази низомии НАТО дар Булғористон, Эстония, Латвия, Литва ва Лаҳистону Руминия ташкил шудаанд ва дар онҳо фаъолияту тамринҳои низомӣ барномарезӣ мешаванд. То охири сол дар ин марказҳо то 40 нафарӣ ҷалб мешаванд. Қарор аст, Ҷенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, рӯзи 3-уми сентябр дар маросими кушоиши як маркази фармондеҳӣ ва назорат дар Литва ширкат кунад.

XS
SM
MD
LG