Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рабудани 16 шаҳрванди Туркия дар Бағдод


Мақомоти Ироқ мегӯянд, афроди ниқобпӯш 16 шаҳрванди Туркияро дар шаҳри Бағдод рабудаанд. Генерал Саъд Маъан, сухангӯи вазорати умури дохилии Ироқ гуфт, ки шаҳрвандони Туркияро субҳи 2-уми сентябр дар ноҳияи шимолушарқии Ҳабибия бурдаанд. Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, ҳамаи онҳо коргарони як ширкати сохтмонии Туркия ҳастанд, ки дар шаҳраки Садри Бағдод як маҷмаи варзишӣ месозад. Ҳеҷ як гурӯҳе масъулияти одамрабоиро бар ӯҳда нагирифтааст. Аммо соли гузашта ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ 46 шаҳрванди Туркияро дар шаҳри Мосул рабуданд ва баъди бештар аз як моҳ ҳамаашонро озод карданд.

XS
SM
MD
LG