Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Таҳримот Русияро ба самти Чин бурд"


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар остонаи сафари дурӯзааш ба Чин гуфт, таҳримоти Ғарб алайҳи кишвараш, сабаби ривоҷ гирифтани муомилот ва тиҷорати Русия бо Чин шуд. Владимир Путин рӯзи 1-уми сентябр дар мусоҳиба ба хабаргузории русии ТАСС ва Синхуаи Чин гуфтааст, “таҳримот, тоҷирони моро ташвиқ мекунад, ки ҳамкориҳои собитро бо Чин ба роҳ монанд.” Иттиҳодияи Аврупо азм дорад, ки таҳримоти иқтисодӣ алайҳи Русияро то моҳи марти соли оянда тамдид кунад. Ба гуфтаи Владимир Путин, сар аз соли 2010 Чин шарики аслии тиҷоратии кишвараш будааст ва “бо вуҷуди тамоюлҳои номатлуб дар иқтисоди ҷаҳонӣ, мубодилоти мол миёни ду кишвар дар соли 2014 ба 88 миллиарду 400 миллион доллар расидааст.” Дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Русия ба Пекин, ки рӯзҳои 2 ва 3-уми сентябр сурат мегирад, 30 қарордоди ҳамкорӣ имзо мешавад. Владимир Путин гуфтааст, ки Чину Русия саъй доранд, то мубодилот байни ду кишвар бо арзи дохилӣ ва на доллари амрикоӣ сурат бигирад, ки муомилот дар саросари ҷаҳон аксаран бо он сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG