Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як тоҷири фурӯшгоҳи марказии “Цум”-ро барои фурӯхтани як телефони мобил бо доллар ба андозаи 12 маоши ҳади аққал ё худ 480 сомонӣ ҷарима кардааст. Ин тоҷир, ки бо исми “А.Б.” ёд мешавад, замоне боздошт шуд, ки телефони навъи “Айфон 4S”-ро бо 270 доллари амрикоӣ ба як шаҳрванд фурӯхтааст. Тавре аз додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ин тоҷир моддаи 5 қисми 1 ва 8-и Кодекси маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикстон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”-ро, ки бар асоси он хариду фурӯш бо асъори хориҷӣ дар ҳудуди Тоҷикистон манъ шудааст, нақз кардааст.

Ҳамчунин, ин додгоҳ Илҳомҷон Малахов, як сокини дигари Душанберо низ барои ғайриқонунӣ иваз кардани асъори хориҷӣ ба ҳамин миқдор маблағ ҷарима кардааст. Додгоҳ мегӯяд, ин сокини Душанбе дар яке аз хиёбонҳои Душанбе бидуни доштани иҷозатномаи Бонки миллӣ ба мубодилаи асъори хориҷӣ машғул будааст.

Муҷозоти ин ду нафар барои муомилаи ғайримуҷоз бо асъори хориҷӣ дар ҳолест, ки тайи як соли ахир доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон тадриҷан боло меравад. Дар давоми як соли охир қурби доллар дар муқобили сомонӣ 40 дар сад афзудааст. Дар Тоҷикистон бинобар маҳдудиятҳо дар дастрасӣ ба доллар дар бонкҳо, бозори сиёҳи доллар эҷод шудааст, ки қурби пули амрикоиро бо қимати баландтар назар ба қурби Бонки миллӣ пешниҳод мекунад.

XS
SM
MD
LG