Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоми як духтари тоҷик барои танфурӯшӣ дар Дубай


Як духтари 23-солаи тоҷик барои иртиботи ҷинсии ғайримашрӯъ дар Дубай муттаҳам шуда ва, қарор аст, ҳукмаш моҳи октябри соли ҷорӣ эълон шавад. Аз ин духтар танҳо К.Т. ном бурда шудааст ва маълумоти дигар дар бораи ӯ дастрас нест. Торнамои Тhe National UAE рӯзи 1 сентябр навишт, ин духтар баъди муроҷиат дар бораи таҷовуз шудан ва дуздии ҳамёнаш бо телефону 700 доллар аз сӯи як устои афғон "ба даст афтодааст". Аммо афғони 26-сола баъди боздошташ гуфтааст, ӯ ба номуси ин духтар таҷовуз накарда, баръакс, ҳамхобагии онҳо бо хоҳиши духтар сурат гирифта буд. Ҳоло ин шаҳрванди Афғонистон барои дуздӣ ва духтари тоҷик барои иртиботи ҷинсии ғайримашрӯъ мутаҳаманд. Додгоҳ то як моҳи дигар ҳукмашро эълон мекунад.

XS
SM
MD
LG