Пайвандҳои дастрасӣ

Давраи омӯзишӣ барои афғонҳо дар Тоҷикистон


25 корманди пулиси марзбон ва гумруки Афғонистон дар Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон давраи омӯзиширо пушти сар карданд. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи 1 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин давраи омӯзишӣ дар доираи тарҳи “Шабакаҳои итттилоотӣ қад - қади масири ҳероин” баргузор шудааст, ки аз сӯи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад.

Раҳматуллоев ҳадафи аслии ин давраи омӯзиширо “баланд бардоштани савияи дониши кормандони пулиси сарҳадот ва гумруки Афғонистон” унвон кард. Дар гузашта низ теъдоде аз кормандони пулиси марзбон, гумрук ва вазорати мухаддироти Афғонистон давраҳои омӯзиширо дар Тоҷикистон гузарондаанд, ки барои баланд шудани савияи донишу малакаи кории онҳо дар мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир кумак хоҳад кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Афғонистон макони кишту парвариш ва қочоқи маводи мухаддир дар минтақа дониста мешавад. Тоҷикистон бо Афғонистон дар имтидоди 1300 километр марзи муштарак дорад.Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 12 амалиёти муштаракро бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон баргузор ва дар натиҷа беш аз ним тонна маводи мухаддирро кашфу мусодира кардааст. Ҳамчунин дар паи ин амалиёт як коргоҳ ё лабароторияи тавлиди ҳероин дар музофоти Бадахшони Афғонистон нобуд карда шудааст.

XS
SM
MD
LG