Пайвандҳои дастрасӣ

Дастгоҳи олмонӣ барои пайванди мағзи устухон


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз Олмон барои анҷоми амалиёти пайванди мағзи устухон дастгоҳ ворид кардааст. Маркази миллӣ-илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсони назди ин вазорат тасмим дорад, бори аввал дар кишвар пайванди мағзи устухонро анҷом диҳад. Ҳоло дусад сокини Тоҷикистон барои анҷоми ин навъи ҷарроҳӣ дар назди Маркази миллӣ-илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон интизорӣ мекашанд. Саймаҳмуд Исмоилов, директори ин Марказ 1 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, то кунун гирифторони чунин навъи беморӣ барои ҷарроҳӣ ба Ҳинду Аврупо мерафтанд. Дар сурати анҷоми ҷарроҳии мағзи устухон ин сеюмин ҷарроҳии мушкил дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки дар ду соли охир пизишкони тоҷик анҷом медиҳанд. Дар давоми ду соли охир Маркази миллӣ-илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон пайванди гурда ва ҷигарро низ ба роҳ монда буд.

XS
SM
MD
LG