Пайвандҳои дастрасӣ

Муҷозот барои фошсозӣ - ҳафту ним соли маҳбас


Хадиҷа Исмоилова, гузоришгари таҳқиқотӣ аз Озарбойҷон, аз сӯи додгоҳи шаҳри Боку ба 7-у ним соли маҳбаси низомаш умумӣ маҳкум шуд.

Бино ба ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 1 сентябр эълом шуд, Хадиҷа Исмоилова дар сарпечӣ аз пардохти молиёт, тақаллуби молӣ ва сӯистифода аз мақом айбдор шудааст. Ӯ ҳаққи тайи се сол ишғол кардани мақом дар ниҳодҳои ҳукуматӣ ва маҳаллиро ҳам нахоҳад дошт, омадааст дар ҳукми додгоҳ.

Як рӯз пеш додраси муҳокима Хадиҷа Исмоиловаро нагузошт, ки ӯ сухани охиринашро дар додгоҳ ба поён расонад ва муҳокимаи Хадиҷаро то рӯзи сешанбе ба таъхир гузошт. Хадиҷа Исмоилова рӯзи 31-уми август, зимни сухани охиринаш иттиҳомоти нисбати худро беасос ва як “авобфиребӣ” барои хомӯш кардани садояш номид. Баъди он ки Хадиҷа Исмоилова номи Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷонро ба забон овард, додрас бо дархости додситон сухани Хадиҷаро бурид ва нагузошт, ӯ суханашнро ба поён расонад.

Аёз Аҳмадов, хабарнигори бахши озарии Радиои Озодӣ мегӯяд, рӯзи сешанбе ба Хадиҷа боз ҳам имкони идомаи сухани охиринашро надоданд ва яку якбора ҳукмро эълон карданд: "Мурофиа пушти дарҳои баста гузашт ва ман ҳанӯз намедонам, ки ӯ ба ҳукм чӣ гуна вокуниш кардааст. Вале ман ҳадс мезанам, ки Хадиҷа ба ин ҳукм омода буд, зеро ба касе пинҳон набуд, ки ӯро аз панҷ то даҳ сол маҳкум ба маҳбас мекунанд, мегӯяд ӯ. "

Аввали моҳи август, додситони парвандаи Хадиҷа Исмоилова аз додгоҳ хост, ки ӯро ба 9 соли зиндон маҳкум кунад. Он вақт, ба иқрори модараш Элмира Исмоилова, Хадиҷа баланд хандид ва суол кард, ки "Чаро ин қадар кам?"

Ба гуфтаи Аёз Аҳмадов, вакилони мудофеи Хадиҷа аз болои ин ҳукм ба додгоҳи болотар ва ҳатто то Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар шикоят мебаранд.

Таваҷҷуҳ ба ин мурофиаи додгоҳӣ дар Боку бесобиқа буд

Таваҷҷуҳ ба ин мурофиаи додгоҳӣ дар Боку бесобиқа буд

Хадиҷа Исмоилова, гузоришгари бахши озарии Радиои Озодиро 5 декабри соли 2014 бо ин иддао, ки гӯё Турал Мустафоев, ҳамкори собиқашро ба худкушӣ ташвиқ кардааст, боздошт намуданд, вале баъдан ӯ ба тақаллуби молӣ, сарпечӣ аз пардохти молиёт ва суистифода аз вазифа муттаҳам шуд. Турал Мустафоев дар додгоҳ гуфт, ки Хадиҷа рабте ба қасди худкушии ӯ надорад ва афсурдагӣ ӯро ба он ҳол оварда буд.

Хадиҷа Исмоилова мегӯянд, ки иттиҳом ангезаи сиёсӣ дорад. Хонум Элмира, модари ӯ чанд рӯз пеш аз эълони ҳукм ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба бегуноҳии Хадиҷа мутмаин аст ва медонад, ки ӯро барои ҳақпарастияш муҷозот карданианд. "Фарзанди ман ҳеҷ вақт ягон кори бад накардааст. Ӯ ҳамеша ҳақиқатро мегуфт. Ӯ фарзанди хело хуб аст".

Созмони Amnesty International Хадиҷа Исмоиловаро “маҳбуси сиёсӣ” хондааст. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва дигар созмонҳои хабарнигорӣ мегӯянд, ки Хадиҷа Исмоилова барои пажуҳишҳои журналистӣ ва фошсозии баъзе аъмоли ғайриқонунии хонаводаи раисиҷумҳури Озарбойҷон ба додгоҳ кашида шудааст.

Зимнан, ин дуввумин мурофиаи пурсару садо дар Озарбойҷон дар ҳафтаҳои ахир аст. Як ҳафта пеш додгоҳи шаҳри Боку Лайло Юнус, раиси пажуҳишгоҳи сулҳ ва демократия ва шавҳари ӯ сиёсатшиносОриф Юнусро дар ҷиноятҳои иқтисодӣ гунаҳкор донист ва онҳоро мутаносибан ба ҳаштуним ва 7 соли зиндон маҳкум кард. Ҳомиёни ҳуқуқи башар тобистони соли гузашта бо иттиҳоми хиёнат ба ватан ва ҷиноятҳои иқтисодӣ дастгир шуданд. Ҳарду мегӯянд, ки боздошташон ангезаҳои сиёсӣ дорад, зеро ҳадафи онҳо барқарор кардани робитаҳо бо Арманистони ҳамсоя аст.

Нозирон таъкид мекунанд, ки ин мурофиа ҳам чун мурофиаи Хадиҷа Исмоилова бо қонуншиканиҳо гузашт, зеро мақомот ба ҳузури хабарнигорон ва нозирон дар толор иҷоза надоданд. Лайло Юнус ва Ориф Юнус дар хиёнат ба давлат ҳам айбдор мешаванд, аммо мурофиа дар ин бора ҳанӯз шурӯъ нашудааст, Дар сурат собит шудани ин иттиҳом ба ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳукми абад таҳдид мекунад.

Рӯзҳое, ки мурофиаи додгоҳии Хадиҷа Исмоилова идома дошт, ӯ ба яке аз бонуфузтарин ҷоизаҳо дар бахши ҳуқуқи башар – ҷоизаи ба номи Элисон Де Форж, мушарраф шуд. Дар изҳороти созмони Human Rights Watch, ки рӯзи 11 август нашр шуд, омадааст, ҷоиза ба афроде супурда мешавад, ки ҷасурона ва аксар вақт дар шароити хатарбор барои ҳуқуқи башар мубориза мебаранд. Хадиҷа Исмоилова имсол бо чанд ҷоизаи дигар, аз ҷумла, ҷоизаи ба номи Барбара Голдсмит ҳам сазовор шуда буд. Ин ҷоиза ҳамасола аз сӯи созмони адабии ПЕН-Клуб барои озодии баён супурда мешавад.

XS
SM
MD
LG