Пайвандҳои дастрасӣ

Хадиҷа Исмоилова ба 7,5 соли маҳбас маҳкум шуд


Хадиҷа Исмоилова, гузоришгари таҳқиқотии озарӣ, аз сӯи додгоҳи шаҳри Боку ба 7-у ним соли маҳбас маҳкум шуд.

Дар ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 1 сентябр эълом шуд, омадааст, Хадиҷа Исмоилова дар сарпечӣ аз пардохти молиёт, тақаллуби молӣ ва сӯистифода аз мақом гунаҳкор дониста шуд.

Як рӯз пеш додраси муҳокима Хадиҷа Исмоиловаро нагузошт, ки ӯ сухани ниҳоиашро дар додгоҳ ба поён расонад ва муҳокимаи Хадиҷаро то рӯзи 1-уми сентябр ба таъхир гузошт. Хадиҷа Исмоилова, рӯзи 31-уми август, зимни сухани ниҳоиаш иттиҳомоти нисбати худро беасос ва як “найранг” барои хомӯш кардани садояш номид. Баъди он ки Хадиҷа Исмоилова, номи Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷонро ба забон овард, додрас бо дархости додситон сухани Хадиҷаро бурид ва нагузошт, ӯ суханашнро ба поён расонад.

Аввали моҳи август, додситони парвандаи Хадиҷа Исмоилова аз додгоҳ хост, ки ӯро ба 9 соли зиндон маҳкум кунад. Хадиҷа, ки барои бахши озарии Радиои Озодӣ ҳам кор мекард, ба тақаллуби молӣ, сарпечӣ аз пардохти молиёт, сӯистифода аз мақом муттаҳам мешавад. Азбаски ӯ пайваста дар бораи фасоду ришвахорӣ дар ҳукумати Озарбойҷон гузориш менавишт, иттиҳомотро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва ниқоре барои гузоришҳояш медонад.

Додраси муҳокима рӯзи 26-уми август дархости Хадиҷа Исмоиловаро барои вақти бештар ҷиҳати омода кардани сухани ниҳоиашро ба инобат гирифт ва муҳокимаи ӯро ба таъхир андохт.

XS
SM
MD
LG