Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 1 сентябр бо сафари корӣ ба Чин рафт.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин сафар сарвари давлатро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии раисиҷумҳур дар умури сиёсати хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва дигарон ҳамроҳӣ мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳо бахшида ба 70-солагиии хатми дуввуми ҷаҳон, ки қарор аст рӯзи 3 сентябр бидуни раҳбарони кишварҳои ғарбӣ ва аммо бо ҳузури сарони кишварҳои Осиё ва бархе давлатҳои шӯравии собиқ баргузор шавад, ширкат мекунад. Барои таҳияи барномаи ҷашнӣ бо ҳузури раисиҷумҳури Чин Си Сзинпин садҳо ҳазор чиноиҳо ҷалб карда шудаанд.

Дар паради низомӣ 12 ҳазор афсарону сарбозони чиноӣ ва техникаи муосири ҷангӣ ширкат хоҳанд дошт. Қарор аст, ки тақрибан ҳазор низомии хориҷӣ, аз ҷумла, Русия ҳам дар майдони асосии Пекин саф ороста қадам зананд.

Дар тантанаҳо раҳбарони Русия, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Белорус ҳам ҳузур хоҳанд дошт.

XS
SM
MD
LG