Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Украина. Марги боз як сарбози маҷрӯҳ


Задухӯрд дар канори бинои парлумони Украина

Задухӯрд дар канори бинои парлумони Украина

Арсен Аваков, вазири умури дохилии Украина, мегӯяд, дуввумин сарбози Горди миллии дар канори парлумон дар Киев маҷрӯҳшуда, дар бемористон аз олам даргузашт. "Дмитрий Сластиков бар асари ҷароҳатҳои дирӯз аз таркиши норинҷак бардошта аз олам даргузашт", навиштааст Аваков рӯзи 1 сентябр дар Твиттер.

Бар асари сӯи кормандони полису нерӯҳои амниятӣ партоб шудани норинҷак рӯзи 31 август тақрибан 140 тан аз корманди ҳифзи ҳуқуқ маҷрӯҳ шуданд, ки табибон вазъи шаш нафари онҳоро сангин арзёбӣ карданд.

Инфиҷор дар маҳалли ҳодиса баъди задухурду кашмакаш миёни маъмурони пулис ва тазоҳургароне сурат гирифт, ки мухолифи қабули қонуне ҳастанд, ки ба манотиқи таҳти назорати ҷудоиталабони тарафдори Русия мухторияти бештар медиҳад.

Дар чаҳорчӯби тафтиши ҳодиса 18 нафар, аз ҷумла, ду сарбози собиқи баталёни вазорати умури дохила “Сич” боздошт шудаанд. Яке аз ин сарбозон дар партоби норинҷак гумонбар мешаванд.

Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, бархӯрд дар канори парлумонро “амали зидди Украина” ва “зарба аз пушт” номид ва изҳор намуд, ки ҳама муҷримон бояд ҳатман муҷозот шаванд.

XS
SM
MD
LG