Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи “Толибон”-и Покистон масъулияти ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Ҷамруди минтақаи қабилани шини Хайбари Покистонро бар дӯш гирифт. Маргталаб рӯзи 1 сентябр худро дар канори дафтари ҳукумати маҳаллӣ тарконд ва мунҷар ба ҳалокати дасти кам се нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 50 каси дигар шуд.

Дар минтақаи Хайбар, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи “Толибон” ва дигар гурӯҳҳои тундрав идома дорад.

Шаҳоб Алӣ Шоҳ, як намояндаи ҳукумати Хайбар ба хабаргузории AFP гуфт, ки миёни куштушудагону маҷрӯҳон кормандони полиси қабилавӣ низ ҳастанд.

Ҷамруд дар тақрибан 25-киломтерии шимолу ғарби шаҳри Пешовар, маркази вилояти Хайбар-Пахтунхва ҷойгир аст.

Баъд аз таркиш мақомот роҳ сӯи Пешовар аз тариқи ағбаи Хайбарро бастанд.

Амалиёти артиши Покистон барои пок кардани манотиқи қабиланишини шимолу ғарби кишвар аз гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ беш аз як сол пеш шурӯъ шуда буд.

XS
SM
MD
LG