Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маргталабе дар Ҷамруди Покистон худро тарконд


Як маргталаб худро дар канори дафтари ҳукумати маҳаллии як минтақаи воқеъ дар шимолу ғарби Покистон мунфаҷир кард ва мунҷар ба ҳалокати се нафар шуд.

Дар ин ҳодиса, ки рӯзи 1 сентябр дар шаҳри Ҷамруд, воқеъ дар минтақаи қабиланишини Хайбар рӯй дод, беш аз 50 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар минтақаи Хайбар, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи “Толибон” ва дигар гурӯҳҳои тундрав идома дорад.

Шаҳоб Алӣ Шоҳ, як намояндаи ҳукумати Хайбар ба хабаргузории AFP гуфт, ки миёни куштушудагону маҷрӯҳон кормандони полиси қабилавӣ низ ҳастанд. Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст.

Амалиёти артиши Покистон барои пок кардани манотиқи қабиланишини шимолу ғарби кишвар аз гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ беш аз як сол пеш шурӯъ шуда буд.

XS
SM
MD
LG