Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Эмомалӣ Раҳмон аз Ислом Каримов


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфтааст, ки Душанбе омодааст барои тавсеа бахшидани ҳамкорӣ бо Тошканд тамоми талошашро ба харҷ диҳад. Оқои Раҳмон дар ин бора дар номааш ба Ислом Каримов бахшида ба 24-умин солгарди истиқлоли Узбакистон таъкид кардааст. Ӯ гуфтааст, “мардуми моро риштаҳои қавии дӯстӣ ва ҳамсоягии нек муттаҳид намуда, робитаҳои таърихан таркибёфтаи маънавию фарҳангие ба ҳам мепайванданд, ки барои рушди муваффақонаи муколамаи байнидавлатӣ ва ҳамкорӣ заминаи боэътимод бояд бошанд.” Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи номааш мегӯяд, “омода ҳастам, ки якҷоя бо Шумо ҷидду ҷаҳди ҳарчи бештари худро баҳри устувор кардан ва тақвият бахшидан ба анъанаҳои чандинасраи дӯстии миёни халқҳоямон ва ёрии ҳамдигарӣ истифода барам.” Узбакистон ҳар сол рӯзи истиқлолашро 1 сентябр ҷашн мегирад ва ба ин муносибат Ислом Каримов як суханронӣ карда, аз пешрафти иқтисод дар кишвараш сӯҳбат намудааст. Ӯ гуфтааст, “вазъи Узбакистон ҳаргиз аз дигарон бад набуд ва Худо хоҳад бад нахоҳад шуд.”

XS
SM
MD
LG