Пайвандҳои дастрасӣ

Аксар зодагони соли 2009 дар Тоҷикистон 1-уми сентябр натавонистанд, пушти мизи дарсӣ бинишинанд. Даҳҳо волидайн, ки қаблан ваъда гирифта буданд, ки эҳтимол фарзандонашон битавонад, ба синфи аввал пазируфта шаванд, ноумед аз мактабҳо баргаштанд.

Исмат Шомадов, сокини шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, фарзандаш охири соли 2008 таваллуд шудааст, вале бо баҳонаи нарасидан чанд моҳ ӯро ба мактаб роҳ надоданд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, то ин замон тамоми ҳуҷҷатҳои фарзандашро барои ба синфи аввал рафтан омода карда буд ва омӯзгорон низ ваъда дода буданд, ки ӯро барои ба синфи аввал мепазиранд.

“Агар ба соли дигар монад, аллакай писарам 8-сола мешавад. Имсол ӯ ҳафтсола ҳаст ва бояд ҳамроҳ бо ҳамсолонаш ба мактаб биравад,” -- гуфт ӯ. Аммо масъулони Идораи маориф мегӯянд, танҳо онҳое ба синфи аввал қабул мешаванд, ки синнашон бирасанд, аммо ба гуфтаи онҳо аксари волидайн талош мекунанд, то як соли пеш фарзандашон ба мактаб бурда шавад.

Эҳсони Хушвақт, сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси ҳисобҳои пешакӣ имсол дар Тоҷикистон бояд 203 ҳазор нафар ба синфи якум биравад: “Аммо ин ҳисоби пешакӣ ҳаст ва шояд бархеҳо бо далели пурра нарасидани синну сол ва бемориву дигар натавонанд ба мактаб бираванд, аз ин рӯ ин шумора то охири моҳи сентябр метавонад тағиёр биёбад.”

XS
SM
MD
LG