Пайвандҳои дастрасӣ

Дар миёни Миррих ва Муштарӣ. Сабти сайёраи хурди "Тоҷикистон"


Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон

Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон

Сайёраи хурди системаи офтобӣ бо номи "Тоҷикистон" аз Замин дар масофаи 267 миллион километр ва аз Офтоб дар масофаи 450 миллион километр воқеъ буда, масоҳаташ 400 километр будааст.

Сайёраи хурди системаи офтобӣ бо номи "Тоҷикистон" расман сабти ном шудааст. Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон, рӯзи 1 сентябр дар ҷараёни баргузории Рӯзи сулҳу дониш дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб шаҳодатномаи "сайёраи хурди системаи офтобӣ"-ро ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тақдим кард.

Ӯ бо муҳим арзёбӣ кардани ин иқдом гуфт, сайёраи хурди системаи офтобӣ аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии астрофизикҳо ба хотири саҳми намоёни олимони тоҷик дар рушди астрофизикаи ҷаҳонӣ ва омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ Тоҷикистон номгузорӣ шудааст. Ба қавли Раҳимӣ, мадори сайёраи Тоҷикистон дар миёни сайёраҳои Миррих ва Муштарӣ ҷойгир буда, аз сайёраи Замин дар масофаи 250 миллион километр ва аз Офтоб дар масофаи 463 миллион километр дурӣ чарх мезанад. Як бор дар гирди Офтоб давр задани сайёраи Тоҷикистон 5 сол давом меёбад.

Ҳоло сайёраи Тоҷикистон дар масофаи наздиктарин ба Замин ҷойгир буда, олимони тоҷик ба омӯзиши хосиятҳои физикиву химиявӣ ва ҷараёнҳои дар он баамалоянда машғуланд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон пайдо шудани “сайёраи хурди системаи офтобӣ бо номи Тоҷикистонро” иқдоми муҳим ва ифтихор барои Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG