Пайвандҳои дастрасӣ

Э.Раҳмон: Магар бо як сатру ҳиҷоб бастан дари Биҳишт боз мешавад?


Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз гароиши асосан ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва, ба қавли ӯ, бегонапарастӣ шадидан нигаронӣ кард ва аз мақомот хост, ки дар ҳар се моҳ дар ин бора ба ӯ гузориш диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз гароиши ҷавонони вилояти Хатлон ба гурӯҳҳои тундгаро ва пайвастанашон ба саффи "Давлати Исломӣ" дар Ироқу Сурия изҳори ташвиш ва аз "бегонапарастии" бархе аз сокинон интиқод кард. Ӯ рӯзи 1 сентябр, ҳангоми баромадаш дар дарси сулҳи имсола дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, аз мақомот хост, ки барои ҷилавгирӣ аз ин таҳаввулоти, ба қавли ӯ, номатлуб чора андешида ва ҳар се моҳ ба дастгоҳи иҷроияи президент гузориш пешниҳод кунанд.

Ба қавли оқои Раҳмон, дар ҳоли ҳозир аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб 40 нафар, Восеъ - 2, Фархор - 2, Ҳамадонӣ - 4, Шӯрообод - 4 ва Данғара - 2 нафар дар майдонҳои ҷанг дар Сурияву Ироқ иштирок доштаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ифротӣ шудани баъзе аз ҷавонон волидонашон, ҷомеа ва муҳитро айбдор донист.

Ӯ гуфт, "имрӯз мо ашки модаронеро мебинем, ки фарзандонашон гумроҳ шуда ва ба ин гуна гурӯҳҳо пайвастаанд." Вай дар идома аз пӯшиши либосҳои бегона тавассути иддае аз ҷавонону сокинони шаҳри Кӯлоб низ изҳори ташвиш карда ва гуфт, ки "чаро бегонапарастӣ мекунем? Магар бо як сатру ҳиҷоб бастан дари Биҳишт кушода мегардад? Он гуноҳҳои кардаатро фаромӯш мекунӣ? Хизмати падару модар, маризу бенаворо бигир. Чаро мо зоҳирпарастӣ мекунем?"

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, "то ҳол ман ба ҳамсарам мегӯям, ки бароят як рӯймоли сафед мехарам ва ҳамеша чун зану модарони кӯлобӣ банд, ки бинам. Мо ба бегонапарастӣ ва тақлид эҳтиёҷ надорем. Чун дигарон аз мо омӯхтанд. Мутаассифона, имрӯз ба ҳар куҷое, ки меравӣ аз мардуми мусулмон метарсанд. Чун дини Исломро доғдор кардаанд."

Ин ҳарфҳо бори аввал аз забони раисиҷумҳури Тоҷикистон садо намедиҳанд. Ӯ моҳи марти соли ҷорӣ низ дар суҳбат бо занони фаъоли кишвар аз тақлидкорӣ ё пӯшиши либосҳои бегона интиқод карда, онҳоро ба тарғиби либоси миллӣ даъват намуд. Дар пайи он ҷаласа дар Тоҷикистон, тибқи маъмул, мақомот дар тараддуди "иҷрои амру супоришҳои президент" шуданд ва алакай шикоятҳое ба даст мерасанд, ки раҳбарони идораҳову бонкҳо аз кормандони зан талаб мекунанд, то бидуни ҳиҷоб ба кор бароянд, вагарна "ба мо гап мерасад".

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, ба дунбол қарореро имзо гузошт, ки ниҳодҳои давлатӣ дар пойтахтро муваззаф мекунад, то барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ миёни занону духтарон “корҳои фаҳмондадиҳӣ” бубаранд. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар ин амр боз ҳам фаротар рафт ва баъди Наврӯз аз мақомоти маркази вилояти Суғд хост, то баргузории рейду санҷишҳо либосҳои, ба гуфтаи ӯ, бегона, аз ҷумла "эронӣ" ва "афғонӣ"-ро барои фурӯш дар бозорҳои минтақа роҳ надиҳанд. Вазорати умури дохилӣ низ бо пахши гузориши телевизионӣ эълон кард, ки маъмурони пулис дар як рейд бештар аз даҳ зани танфурӯши ҳиҷобдорро боздошт кардааст.

Вале бисёре аз сокинони Тоҷикистон, ки 97 дарсади аҳолиашро мусулмонон ташкил медиҳанд, чунин бархӯрд бо либосҳои мазҳабиро як навъи дигар маҳдуд кардани ҳаққи озодии эътиқод мешуморанд ва мегӯянд, ҳадаф аз ин маъракаи нав бештар на таблиғи либоси миллӣ, балки маҳз мубориза бо ҳиҷобу сатри исломист. Вагарна, мегӯянд онҳо, “чаро дар мавриди либосҳои аврупоӣ, барои мисол, мини-юбка, ки низ либоси миллӣ ва хоси мардумитоҷик нест, ягон мақом ҳарфе намезанад?”

Маъракаи нав алайҳи либосҳои исломӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан мақомоти ин кишвар пӯшидани ҳиҷобро дар муассисаҳои давлатӣ ва ҳатто барои толибилмон дар мактабҳои миёнаву олӣ манъ карда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG