Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон коҳиш ёфт


Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 7 моҳи аввали соли равон чизе бештар аз 2,4 миллиард долларро ташкил дод, ки назар ба айни давраи соли гузашта 590 миллион доллар, ё 20 дарсад камтар аст. Бино ба иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, ин коҳиш асосан аз ҳисоби кам шудани воридот аст, ки дар моҳҳои январ-июли соли равон 25 дарсад ё 621,7 миллион доллар ё 25 дарсад коҳиш ёфта, 1 миллиарду 866,3 миллион доллар шудааст. Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба хориҷ дар 7 моҳи аввали сол 6,1 дарсад ё 32,2 миллион доллар афзуда, ба 560,3 миллион доллар расидааст. Вале азбаски ҳаҷми содироти Тоҷикистон назар ба воридоташ 3 маротиба камтар аст, афзоиши содирот натавонистааст пеши коҳиши умумии ҳаҷми тиҷорати хориҷиро бигирад. Ҳаҷми солонаи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 4 миллиардро ташкил медиҳад, ки қариб 3 миллионаш аз ҳисоби воридот ба даст меояд. Алюминий ва пахта ҳамчунон ду маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон боқӣ мемонанд.

XS
SM
MD
LG