Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркиш дар назди порлумони Украина


Cарбозони украинӣ ҳамяроқи маҷруҳи худро мебаранд.

Cарбозони украинӣ ҳамяроқи маҷруҳи худро мебаранд.

Горди миллии Украина гуфт, чаҳор сарбози ин горд дар натиҷаи таркиши як норинҷак дар маҳалли тазоҳурот дар назди бинои порлумон “захмҳои марговар” бардоштаанд. Ба гуфтаи дафтари матбуоти Горди миллӣ, дар натиҷаи таркиш даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Антон Ҳерашченко, вакили порлумони Украина гуфтааст, ки касе ба самти сарбозони посбони порлумон “норинҷаки ҷангӣ” партоб кардааст. Хабарнигори Би Би Си аз маҳалли ҳодиса гузориш дод, ки аввал садои се норинҷаки садоӣ ва сипас садои таркиши бузургеро шунидааст. Инфиҷор дар маҳалли ҳодиса баъди задухурду кашмакаш миёни маъмурони пулис ва тазоҳургароне сурат гирифт, ки мухолифи қабули қонуне ҳастанд, ки ба манотиқи таҳти контроли ҷудоиталабони тарафдори Русия мухторияти бештар медиҳад. Порлумони Украина дар қироати аввал санади ислоҳу тағйирот ба Қонуни асосиро қабуқл кард, ки дар он омадааст, барои додани мухторияти бештар ба вилоятҳои Донетск ва Луҳанск, қонуни алоҳида бояд қабул шавад. Аз ҳисоби 368 вакили порлумони Украина рӯзи 31-уми август 265 нафар ба тарафдории ислоҳи Қонуни асосӣ раъй додаанд. Барои қабули ин санад, ки раиси ҷумҳур Петро Порошенко, пешниҳод кардааст, дасти кам 300 раъйи вакилон зарур аст.

XS
SM
MD
LG