Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳокимаи Хадиҷа Исмоилова идома мекунад


Хадиҷа мегӯяд, ки ӯро барои гузоришҳои танқидиаш мехоҳанд, ҷазо бидиҳанд.

Хадиҷа мегӯяд, ки ӯро барои гузоришҳои танқидиаш мехоҳанд, ҷазо бидиҳанд.

Муҳокимаи Хадиҷа Исмоилова, хабарнигори пажӯҳишгари озарӣ рӯзи 31-уми август дар додгоҳи шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон аз сар гирифта мешавад ва қарор аст, ӯ сухани ниҳоиашро бигӯяд. Баъди сухани ниҳоӣ мумкин аст, додрас ҳукмро билофосила ва ё як рӯз баъд эълон кунад. Аввали моҳи август, додситони парвандаи Хадиҷа Исмоилова аз додгоҳ хост, ки ӯро ба 9 соли зиндон маҳкум кунад. Хадиҷа, ки барои бахши озарии Радиои Озодӣ ҳам кор мекард, ба тақаллуби молӣ, сарпечӣ аз пардохти молиёт, сӯистифода аз мақом муттаҳам мешавад. Азбаски ӯ пайваста дар бораи фасоду ришвахорӣ дар ҳукумати Озарбойҷон гузориш менавишт, иттиҳомотро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва ниқоре барои гузоришҳояш медонад. Додраси муҳокима рӯзи 26-уми август дархости Хадиҷа Исмоиловаро барои вақти бештар ҷиҳати омода кардани сухани ниҳоиашро ба инобат гирифт ва муҳокимаи ӯро ба таъхир андохт.

XS
SM
MD
LG