Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон марги Мулло Умарро эътироф карданд


Мулло Умар, соли 2013 бар асари беморӣ фавтидааст, вале ҷузъиёте дар ин бора дар даст нест.
Мулло Умар, соли 2013 бар асари беморӣ фавтидааст, вале ҷузъиёте дар ин бора дар даст нест.

Толибон дар Афғонистон эътироф карданд, ки марги Мулло Муҳаммад Умар раҳбари ин гурӯҳро барои 2 сол пинҳон доштаанд ва ҳамингуна иттиллои ду соли пеши хадамоти махсуси Афғонистонро таъйид карданд. Мулло Умар баъди сарнагун кардани Толибон дар соли 2001, умуман дар мазҳари ом дида нашуд ва гурӯҳи Толибон то моҳи июли соли равон аз номи ӯ баёния нашр мекард. Дар баёнияи Толибон аз рӯзи 31-уми август омадааст, ки Мулло Умар рӯзи 23-уми апрели соли 2013 ҳалок шудааст. Ҷузъиёти марги раҳбари собиқи Толибон дар шарҳи ҳоли пешвои нави онҳо Мулло Ахтар Мансур зикр шудааст. Дар ин иттилоия гуфта мешавад, ки “чанд узви аслии шӯрои раҳбарии Толибон” ва рӯҳониён “ҳамроҳ тасмим гирифтанд”, хабари марги Мулло Умар фақат дар миёни атрофиёни наздикаш бимонад. Ба гуфтаи Толибон сабаби асосии пинҳон доштани хабар, қарори НАТО барои ихроҷи нерӯҳои ҷангиаш аз Афғонистон то охири соли 2014 будааст.

XS
SM
MD
LG