Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шираи камол ҳам ба қочоқ табдил меёбад


Дар пайи амалиёти фаврӣ – ҷустуҷӯии кормандони пулис дар ноҳияи Данғара аз як марди 26-сола беш аз 60 кило шираи камол кашфу мусодира шудааст. Масъулони дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки ҳодиса 29 август рух додааст.

Ба қавли онҳо, нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқаш идома дорад. Кашфу мусодираи беш аз 60 кило шираи камол аз як сокини ноҳияи Данғара дар ҳолест, ки ширкати “Фароз” ҳар сол тариқи квотаи ҷудонамудаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва бар асоси тавсияи ин ниҳод шираи камол ҷамъоварӣ мекунад. Идораи ҳифизи табиат дар вилояти Хатлон мегӯяд, бар асоси квота соли 2015 ширкати “Фароз” дар 8 ноҳияи вилояти Хатлон ба ҷамъоварии шираи камол машғул хоҳад шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷилавгарӣ аз нестшавии майдонҳои камол, ҷамъовариву фурӯши шираи онро дар соли 2013 манъ кард, вале баъдан онро маҳдудан ва танҳо барои ширкати “Фароз” иҷоза дод. Шираи камол гиёҳи нодирест, ки аз он барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозимаи инсон дору омода мекунанд. Инчунин, ба гуфтаи пизишкон дар аксар доруҳои бедардкунанда таркиби шираи камол мавҷуд аст. Бештар шираи камоли Тоҷикистонро ширкатҳои тавлиди доруи Ҳиндустон харидорӣ менамоянд.

XS
SM
MD
LG