Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи ҳавзи шиноварӣ дар Кӯлоб


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафар ба Кӯлоб дар маросими ифтитоҳи бинои ҳавзи шиноварӣ бо 1800 ҷойи нишаст иштирок карда, ин иншооти бузурги варзиширо ба истифода дод. Қасри варзиши обӣ сеошёна буда, дар он 120 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Дарозию паҳноии ҳавзи асосии шиноварии бино 50 ба 16 метр аст, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошад.

Ин иншоот аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Комил-2010» ва аз ҳисоби маблағҳои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон сохта шудааст. Чунин ҳавзи шиноварии болопӯшида то ин муддат дар Кӯлоб вуҷуд надошт ва акнун варзишгарон дар тамоми фасли сол имкони сайқал додани маҳорати худро пайдо менамоянд.

XS
SM
MD
LG