Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии дастаҳои Тоҷикистону Австралия ба Ҷоми ҷаҳон-2018


​Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 бо тими миллии Австралия омодагӣ мебинад.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии Мубин Эргашев марҳилаи омодагиро ба бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 бо тими миллии Австралия шурӯъ кард. Аввалин тамрини даста 29 август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба бозӣ муқобили мунтахбаи Австралия ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон 24 бозигарро даъват кардаанд. 11 бозигар аз «Истиқлол»-и Душанбе, панҷнафарӣ аз «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, як нафар аз «Хайр»-и Ваҳдат, инчунин ду легионер - Давронҷон Эргашев, ҳимоятгари «Жетису»-и Қазоқистон ва Фарҳод Восиев, ҳимоятгари «Газовик»-и Оренбурги Русия - мебошанд.

То бозӣ бо мунтахаби Австралия тими миллии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 1 сентябр бо мунтахаби бошгоҳҳои Лигаи миллии футболи кишвар бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 оғоз меёбад. Ба дастаи мунтахаби бошгоҳҳо мураббиён Тоҳир Муъминов («Равшан», Кӯлоб), Алиёр Ашӯрмамадов («Далерон-Ӯротеппа», Истаравшан) ва Раҳматулло Фузайлов (ССКА «Помир», Душанбе) раҳбарӣ мекунанд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон муқобили Австралия:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), Миралӣ Муродов («Хайр»);

Ҳимоятгарон: Фарҳод Восиев («Газовик», Русия), Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов (ҳарчор – «Истиқлол»), Ҳасан Рустамов, Манучеҳр Аҳмадов (ҳарду – «Хуҷанд»), Далерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Парвизҷон Умарбоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов (ҳама – «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Алиев, Бахтиёр Чориев (ҳарду – «Хуҷанд»), Фаридун Шарифов, Нозим Бобоҷонов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Дилшод Восиев, Манучеҳр Ҷалилов (ҳарду – «Истиқлол»), Комил Саидов («Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Ҳамроқулов («Хуҷанд»).

И.в. сармураббӣ: Мубин Эргашев

Ёдовар мешавем, сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Мубин Эргашеви 41-сола, ки 28 июли соли равон иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таъин шуд. мунтахаби кишварро ба бозиҳои сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 омода месозад. Эргашев дар ин вазифа Мӯҳсин Муҳаммадиевро, ки баъди нокомии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар оғози сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 аз вазифааш истеъфо дод, иваз кард.

Ба ситоди мураббиёни мунтахаби миллии кишвар мутахассиси 48-солаи украинӣ Роман Пилипчук, Аслиддин Ҳабибуллоев ва Никола Лазаревич, ки дар дастаи “Истиқлол” ёварони Эргашев мебошанд, дохил шудаанд. Ҳабибуллоев мураббии дарвозабонҳо, мутахассиси сербиягӣ Лазаревич бошад, мураббӣ оид ба омодагии ҷисмонии мунтахаби Тоҷикистон мебошанд.

Доварони бозӣ аз Баҳрайн мебошанд. Довари ФИФА Ҷамил Ҷумъа Абдулҳусейни 42-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Муҳаммад Ҷаъфар Муҳаммад Салмони 35-сола ва Наваф Шоҳин Халифа Мӯсои 36-сола ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Абдулазиз Юсуф Абдулло эҳтиётиро бар дӯш дорад. Масъуд Муродӣ аз Эрон нозири доварон ва Ту Силианг из Чин комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Ҷамил Ҷумъа ду бор бозиҳоро бо ширкати мунтахаби миллии Тоҷикистон ба ҳайси сардовар ҳакамӣ кардааст. Вай соли 2013 дар бозии сабқати интихобии Ҷоми даъвати АФК-2014 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Макао (3:0), имсол бошад, дар бозии марҳилаи интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 байни ҷавонони зери 23-сола миёни дастаҳои Тоҷикистон ва ИМА (0:3) сардовар буд.

Дар ҳоле ки мунтахаби Тоҷикистон ба бозӣ муқобили Австралия омодагӣ мебинад, ситоди мураббиёни мунтахаби Австралия рӯйхати 23 бозигарро, ки ба бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 бо дастаҳои Бангладеш ва Тоҷикистон эълон кард.

Бояд гуфт, ки дар лаҳзаҳои охир дар рӯйхати австралиягиҳо се тағйирот ба амал омадааст. Майкл Единак, капитани мунтахаби Австралия, ки дар тими «Кристал Пэлас»-и Инглистон бозӣ мекунад, лат хӯрдааст, бинобар ин дар бозиҳо муқобили Бангладеш ва Тоҷикистон ширкат карда наметавонад. Ба ҷуз ӯ, ду нафари дигар - ҳамлагар Томи Юрич («Рода», Ҳолланд) ва Робби Круз («Байер-04», Олмон) беморанд.

Чунонки торнамои Федератсияи футболи Австралия хабар додааст, ба ҷои онҳо сармураббии мунтахаби Австралия Ангелос Постекоглу ба даста нимҳимоятгар Люк Брэттан («Брисбен Роар», Австралия), инчунин ҳамлагарон Кристофер Икономидис («Латсио», Италия) ва Бен Ҳаллоранро («Ҳайденҳайм», Олмон) даъват кардааст.

Ҳайати мунтахаби Австралия:

Дарвозабонҳо: Мютю Райан («Валенсия», Испания), Алекс Тсисак («Лейтон Ориент», Инглистон), Адам Федеричи («Борнмут», Инглистон);

Ҳимоятгарон: Азиз Бехич («Бураспор», Туркия), Ҷейсон Дэвидсон («Хаддерсфилд Таун», Инглистон), Тарек Элрих («Аделаида Юнайтед», Австралия), Райан Макгоуэн («Данди Юнайтед», Шотландия), Мэттю Шпиранович («Ханчҷоу Гринтаун», Чин), Алекс Уилкинсон («Чонбук Хёндэ Моторс», Кореяи Ҷанубӣ), Бейли Райт («Престон Норд Энд», Инглистон);

Нимҳимоятгарон: Ҷексон Ирвайн («Рос Каунти», Шотландия), Массимо Луонго («Куинз Парк Рейнҷерс», Инглистон), Мэтт Маккей («Брисбен Роар», Австралия), Марк Миллиган («Бани Яс», Имороти Муттаҳидаи Араб), Аарон Муй («Мелбурн Сити», Австралия), Том Рогич («Селтик», Шотландия), Люк Брэттан («Брисбен Роар», Австралия);

Ҳамлагарон: Натан Бёрнс («Токио», Ҷопон), Тим Кэхилл («Шанхай Шэнхуа», Чин), Мэттю Леки («Инголштадт», Олмон), Кристофер

Икономидис («Латсио», Италия), Бен Халлоран («Ҳайденҳайм», Олмон), Томми Оур (озод аст).

Сармураббӣ: Ангелос Постекоглу.

Мунтахаби Австралия рӯзи панҷшанбе, 3 сентябр, дар даври сеюми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар майдони худ бо тими миллии Бангладеш бозӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Австралия рӯзи сешанбеи 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 шурӯъ мешавад.

Ҳоло дар гурӯҳи “В” се даста – Урдун, Қирғизистон ва Австралия сеимтиёзӣ, Тоҷикистон ва Бангладеш якимтиёзӣ доранд. Урдун ва Австралия як бозӣ, се дастаи дигар ду бозӣ анҷом додаанд.

Тақвими бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2018 дар гурӯҳи «В»:

Даври 1-ум

11 июн (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Урдун – 1-3

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 2-юм

16 июн (сешанбе)

Бангладеш – Тоҷикистон – 1-1

Даври 4-ум

8 сентябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Австралия. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 5-ум

8 октябр (панҷшанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун– Тоҷикистон

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Бангладеш. Соати 17:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 9-ум

24 марти соли 2016 (панҷшанбе)

Австралия – Тоҷикистон

Даври 10-ум

29 марти соли 2016 (сешанбе)

Тоҷикистон – Қирғизистон. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG