Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия бо "Давлати исломӣ" дастбагиребон шуд


Нерӯҳои Туркия бори аввал чун узви Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони НАТО ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия зарба заданд.

Дар бораи ширкати ҳавопаймои ҷангии Туркия дар нахустин амалиёти Эътилоф масъулини ҳукумати Туркия хабар доданд ва аммо аз ошкор кардани он ки ин ҳавопаймо шоми ҷумъа, 28 август, ба кадом ҳадафҳои ситезаҷӯён зарба заданд, худдорӣ намуданд. “Як ҳавопаймои ҷангии мо ҳамроҳ бо дигар ҳавопаймоҳо ба амалиёти ҳавоӣ алайҳи мавқеъҳои “Давлати исломӣ” (ДИИШ), ки ба амнияти кишвари мо таҳдид мекунанд, ҳамроҳ шуд", омадааст дар изҳороти вазорати умури хориҷаи Туркия. Мубориза бо гурӯҳи террористӣ аз авлавиятҳои кишвар аст, таъкид кардаанд муаллифони изҳорот..

Чаҳор рӯз пеш мақомоти низомии Туркия ва Амрико охирин резакориҳои созиш дар бораи амалиёти муштарак алайҳи гурӯҳи «Давлати исломи»-ро ҳамоҳанг намуданд. Ба навиштаи рӯзномаи туркии Anadolu. низомиёни воломақоми ду кишвар дар чаҳорчӯби ин созиш санадҳои заруриро имзо карданд. Аммо дар робита ба чӣ гуна ва бо ширкати чӣ теъдод аз нерӯҳо баргузор шудани амалиёти муштарак мақомоти Туркия сукутро ихтиёр кардаанд. Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия ҳам дар бораи имзои созиш хабар дода ва аммо гуфта буд, ҳама масъалаҳои амалиёти муштарак марбут ба худи низомиён ва сохторҳои низомии ду кишвар хоҳад буд. Аммо баъзе хабаргузориҳо навиштанд, ки баъд аз имзои созиш ҳавопаймоҳои ИМА ва НАТО ҳақ хоҳанд дошт, ки аз ду пойгоҳи ҳавоии Туркия дар наздикиҳои марз бо Сурия истифода баранд.

Туркия ҳафтаҳои ахир фақат мавқеъҳои Ҳизби коргарони Курдистонро ҳадаф қарор медод
Туркия ҳафтаҳои ахир фақат мавқеъҳои Ҳизби коргарони Курдистонро ҳадаф қарор медод

Анкара дар бораи амалиёт алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва мусаллаҳони Ҳизби коргарони Курдистон баъд аз таркиши пурқурбонӣ дар маркази фарҳангии шаҳри Суруҷ, воқеъ дар 10 километрии шаҳри Кубонии Сурия, тасмим гирифт. Дар он ҳодиса, ки рӯзи 20 июл рӯй дод, 33 нафар аз узви Федератсияи ҷавонони сотсиалисти Туркия кушта шуданд. Тақрибан 300 нафар аз аъзои ин Федератсион пеш аз сафар ба Кубонӣ ва кӯмак барои барқарорсозии ин шаҳр дар ин маркази фарҳангӣ ҷамъ омада буданд. Анкара масъулияти таркишро бар дӯши гурӯҳи «Давлати исломӣ» гузошт. Як мансабдори турк гуфт, ин ҳамла сабри мақомоти кишварро лабрез кард.

Алиризо Нуризода, таҳлилгари масоили Ховари Миёна дар Лондон, бар ин аст, ки ҳадди аққал се омил Туркияро барои пайвастан ба Эътилофи байнулмилали алайҳи «Давлати исломӣ» водор сохтааст. Қабл аз ҳама, фишори Амрико болои Туркия, яъне, агар Анқара "реге ба кашф надорад" ва пинҳонӣ аз ҳузури ДИИШ ё "Ҷабҳаи Нусрат" дар Сурия ҳимоят намекунад, чаро дар ҷанг бо ин гурӯҳ ширкат намекунад? Ва ин ҳам дар ҳоле, ки ҳазорон нафар аз тариқи марзҳои Туркия вориди Сурияву Ироқ шуданд. Сониян, Арабистони Саъудӣ, Қатар, Аморати Муттаҳидаи араб кишварҳоенд, ки Туркия барои ҳамкории сиёсӣ ва тиҷоратӣ бо онҳо ниёз дорад ва бояд ба олами араб собит кунад, ки дар ҷанг бо террозм ва ДИИШ ҷиддист, мегӯяд таҳлилгар. Ва саввум ин ки доманаи оташ то ба хонаи туркҳо расид. Аз ин пеш Анкара фикр мекард, ки бо бастани чашм ба аъмоли ДИИШ ситезаҷӯён ба Туркия коре нахоҳанд дошт ва ҷанги "Давлати исломӣ" фақат дар қаламрави Сурия хоҳад буд. Аммо ДИИШ вориди Туркия ҳам шуд ва ин Анкараро барои вориди Эътилофи байнулмилалӣ шудан мутмаин кард.

Зимнан, бар пояи хабарҳо, Анкараву Вошингтон тарҳи дигареро ҳам рӯи даст доранд, ки бар пояи он як бахш аз шимоли Сурия “минтақаи орӣ аз “Давлати исломӣ” эълон мешавад. Бар пояи ин тарҳ, “Давлати исломӣ” аз назорати шаҳрҳои марзии Ҷараблус ва Ал-Рай маҳрум мемонад – афроди нав маҳз аз тариқи ҳамин шаҳрҳои Сурия ба ин гурӯҳ мепайванданд.
Курдҳои Сурия аллакай ҳушдор доданд, ки ташкили минтақаи орӣ аз «Давлати исломӣ» эҳтимоли убури марзи Сурия аз сӯи нерӯҳои Туркияро афзоиш медиҳад. Раҳбари ҳизби Иттиҳоди демократии курдҳои Сурия ахиран ҳушдор дод, ҳама гуна нерӯҳои Туркия, ки вориди хоки Сурия мешавад, «ишғолгар» унвон хоҳанд шуд. Алҳол курдҳо ба пайвастани Туркия ба Эътилофи зидди ДИИШ вокунише накардаанд.

XS
SM
MD
LG