Пайвандҳои дастрасӣ

IAAF натоиҷи тафтиши допингро эълон мекунад


Себастян Коу

Себастян Коу

Анҷумани байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF) рӯзи сешанбе, 1 сентябр. натиҷаҳои тафтиши истифодаи допинг ё маводи мамнӯъ аз сӯи варзишгаронро эълон мекунад. Дар ин бора дар нишасти хабарӣ бахшида ба анҷоми чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Пекин раиси ин анҷуман Ламин Диак хабар дод.

Аз ин пеш Анҷумани байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук дар робита ба истифода аз допинг дар чаҳор соли ахир 63 парванда боз карда буд. Тақрибан нисфи онҳо - 31 парванда алайҳи варзишгарони Русия ифтитоҳ шудааст. Ба иттилои расмӣ, дар чаҳорчӯби тафтишот аллакай 39 варзишгар муҷозот шудааст, парвандаҳои 24 нафари дигар дар ҳоли баррасӣ қарор доранд. Анҷумани байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук мегӯяд, ки ба зудӣ парвандаҳои нав ҳам боз хоҳад шуд.

Зимнан, ин аз охирин нишастҳои хабарии Ламин Диак ба ҳайаи раиси Анҷумани байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук буд. Ҳафтаи гузашта Себастян Коу аз Бритониё раиси ин Анҷуман интихоб шуд. Ӯ дар сабқат барои ин мақом аз болои варзишгари маъруфи украиннӣ Сергей Бубка пирӯз шуда буд. Қарор аст, ки Себастян Коу аз 31 август ба ифои вазифа шурӯъ намояд.

XS
SM
MD
LG