Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи ситезаҷӯён ба як фурудгоҳи Покистон


Бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба як фурудгоҳи хурд дар ҷанубу ғарби Покистон ду нафар кушта шуданд ва як каси дигар ҷароҳат бардошт.

Ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ ба фурудгоҳи Ҷивонӣ, дар ноҳияи ошӯбзадаи Гвадар, рӯзи 30 август сурат гирифт. Гвадар дар тақрибан 1300 километрии ҷанубу ғарби шаҳри Квейта, маркази вилояти Балуҷистон, воқеъ аст.

Ҳамлагарон таҷҳизоти радариро хароб карда, як масъули фурудгоҳро куштанд ва як муҳандисро бо худ бурданд. Ҷасади ин муҳандис баъд аз чанд соат дар кӯҳҳои атроф пайдо шуд, гуфтанд кормандони полис.

Дар ин ҳамла як масъули дигари фурудгоҳ маҷрӯҳ шудааст.

Се рӯз пеш масъулини ҳукумати Покистон дар ҳама фурудгоҳҳои бузурги кишвар сатҳи баландтарини бехатариро эълон карда, аз фурудгоҳҳои хурд хоста буданд, ки аз эҳтиёт кор бигиранд.Баъд аз он ки ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои гурӯҳҳои зиддидавлатӣ шурӯъ карданд, фурудгоҳҳои Покистон ба таҳдиди ҳамла мувоҷеҳ шудаанд.

Бори ахир 10-уми июн мусаллаҳони Толибон фурудгоҳи Қарочиро муҳосира карда, 27 нафарро кушта буданд.

XS
SM
MD
LG